28-уми ноябр зодрӯзи ду рӯзноманигори зиндонии тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ аст. Яке 47 ва дигаре 42-сола шуданд. Чаҳор сол аст, ки рӯзи таваллудашон паси панҷара сипарӣ мешавад. Додгоҳ ҳардуро чаҳор сол пеш бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кард, агарчӣ худашон ва наздикон ҳукмро беасос медонанд.
Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, 27-уми ноябр гуфт, ки писараш хостааст, дар рӯзи зодрӯзаш барои ӯ манту пухта биёранд. Ба гуфтаи вай, мақомот дар остонаи зодрӯз ва ҷашнҳои дигар иҷозаи дидор бо фарзандашро намедиҳанд, аммо тибқи тартибот ӯро дар 45 рӯз як бор мебинанд ва истисное вуҷуд надорад.
Модари рӯзноманигори зиндонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, бори охир 14 рӯз пеш бо ҳамсару фарзандони Завқибек ба дидорбинии фарзандаш рафт ва онҳо чанд рӯз бо ӯ мондаанд.
“Ягон чизи махсус дархост намекунад, бештар либосу атру ҳамин чизҳоро мепурсад. Шикоят намекунад, ки азобу шиканҷа кардаанд. Дар бораи озодшавӣ чизе намедонад. Аз мо мепурсад, ки дар берун ягон гап ҳаст? Мо ҳам мегӯем, ки ягон гап нест,” – илова кард ӯ.
Завқибек Саидаминӣ пештар аз зиндон ба модараш шеъре навишта ва маъзарат хоста буд, ки “ман зиндонӣ шудаму боис ба азобу нигаронии шумо гаштам”. Ҳоло ба гуфтаи модараш, бештар барои кӯдаконаш шеър менависад ва “мехоҳад аз ин роҳ онҳоро тарбия ва ҳам набудани худашро ҷуброн кунад”.
Саидаминиро дар моҳи ноябри соли 2022 ба ҳафт сол зиндон маҳкум ва дар оғози моҳи декабри 2022 дар зиндони маъруф ба "Якум Советский"-и Душанбе ҷойгир карданд. Додгоҳ ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист. Худаш дар номае таҳқиқи парванда ва мурофиаашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ "якҷониба ва нопурра" номид ва аз Додгоҳи Душанбе хост, ҳукмро бозбинӣ ва беэътибор кунад, аммо посухи рад гирифт.
Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек, мегӯяд, дар ду моҳ як бор ба фарзандаш “бастаи калон» омода мекунанд, ки тақрибан ҳама намуди хӯрокиҳо, аз гӯшт то сабзиву пиёз ва ғайраро дарбар мегирад.
"Ҳеч тӯҳфа фиристода наметавонем"
Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҳолу аҳволи ин рӯзноманигори зиндонӣ зиёд хабар надоранд ва аз шарик кардани он бо расонаҳо низ канорагирӣ мекунанд. Яке аз бародарони Абдусаттор, ки нахост аз ӯ ном барем, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ то ҳоло дар зиндони низомаш баставу сангин қарор дорад” ва ҳеч гуна иттилое аз ҳолу аҳволаш надоранд. Ба гуфтаи бародари Пирмуҳаммадзода, “аз сабабе, ки дар ин зиндон иҷозаи мулоқот намедиҳанд, дар арафаи зодрӯзаш ҳеч туҳфа ё савғоте ҳам фиристода наметавонем”.
Моҳи сентябри имсол наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хабар доданд, ки вазъи ӯ дар зиндон бад шуда, аз ҳуш рафтааст ва мақомот ӯро барои муолиҷа ба шифохонаи яке аз зиндонҳои шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд. Он замон наздиконаш бо ӯ мулоқот карда, вазъи саломатияшро бисёр бад номиданд. Чун, ба гуфтаи онҳо, “лоғар шуда ва рангаш зард шудааст ва фавран бояд ҷарроҳӣ шавад”.
Наздиконаш ва худи Пирмуҳаммадзода он замон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хоста буданд, ки иҷоза диҳад ин рӯзноманигорро дар яке аз бемористонҳо бо усули лазерӣ ҷарроҳӣ кунанд, вале ин иҷоза дода нашуд ва ӯро пас аз чанд рӯз дубора ба зиндони низомаш баста бурданд.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода кумаки фаврӣ ва муносиби тиббӣ расонда шавад, вале пайвандонаш мегӯянд, аз чизе хабар надоранд ва намедонанд ҳоли ӯ акнун дар зиндон чӣ гуна аст.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар зиндони шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард, вале мақомот ӯро тобистони имсол ба маҳбаси низомаш сахти Душанбе интиқол доданд ва сабабашро то ҳанӯз нагуфтаанд.
Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш иттиҳомотро борҳо рад кардаанд. Ин рӯзноманигор дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2022 то нимаи соли 2025 даҳ рӯзноманигор ва блогерро аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хуршеди Фозил, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. Созмону кишварҳои ғарбӣ борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин рафтор танқид карда, озодии фаврӣ ва бе қайду шарти хабарнигоронро хостанд, вале посух нагирифтанд.