Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Радиои Озодӣ дар бораи баҳси як зан гузориш дод, ки ба гуфтаи худаш шавҳараш ӯро фиреб дода, молу амволашро фурӯхт. Ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси бовари ҳамсаронро дар Тоҷикистонро доғ кард. Мо аз сокинони Душанбе пурсидем, ки оё ба шавҳар ё ҳамсарашон дар масъалаҳои пулӣ боварӣ доранд?
Барфи шадид ва сардиҳои ду рӯзи ахир мушкилоти сокинонро на танҳо дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, балки дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе ҳам зиёд кардааст.
Аз рӯзи 26-уми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Давоми се ҳафта вазирон ва дигар мақомдорон дар бораи корашон гузориш дода, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд. Мардум ба вазирон ва раисон чӣ суол доранд?
Соли 2025 барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар Русия соли пур аз дигаргунӣ ва қонуну қарорҳои нав буд. Қонунҳое, ки ба гуфтаи муҳоҷирон кору зиндагии онҳоро дар ин кишвар ба ҳадди охир сахту душвор кард.
Ҳар сол дар охири моҳи ноябр дар Душанбе аз Карин Манн, зани фаронсавӣ ва қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ёд мекунанд. Ӯ дар он солҳои ноамнӣ барои кумак ба занону кӯдакони тоҷик омада буд, вале худ мавриди ҳадафи шахсони силоҳбадаст қарор гирифт.
Дар Тоҷикистон соле нест, ки хабари марги сокинон аз дуди ангишт расонаӣ нашавад.Зеро мардум дар ин кишвар дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва маҷбуранд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд.Чун роҳи дигареро ба ҷузъ ин намебинанд.
Бо вуҷуди марги оилаҳо аз дуди ангишт, мардум дар Тоҷикистон аз бухориҳои қадима даст накашидаанд, чун илоҷ надоранд.
Дилафрӯзи Хуршед, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, панҷ моҳ пеш, дар 34-солагӣ, тифли аввалинашро ба дунё овард, аммо аз кори пизишкон норозист. Вай иддао дорад, ки “бо хатои духтурон” дигар фарзанддор намешавад, чун бачадонаш гирифта шуд ва саломатияш ҳам аз даст рафт.
Қатъи пайвастаи барқ дар Тоҷикистон ва бахусус дар шаҳри Душанбе яке аз ҳадафҳои ҳукумат барои пок кардани пойтахт аз мошинҳои бензину газиро таҳти суол қарор додааст.
Қатъи пайвастаи барқ дар Тоҷикистон ва бахусус дар шаҳри Душанбе яке аз ҳадафҳои ҳукумат барои пок кардани пойтахт аз мошинҳои бензинӣ таҳти суол қарор додааст.
Хонаҳои сард ва соатҳо маҳрум аз барқ; омодагӣ ба насби бухорӣ ва нигаронӣ аз сиҳатии беморону кӯдакон дар бебарқӣ. Ин тасвир аз ягон деҳаву ноҳияи дурдасти Тоҷикистон нест. Сокинони баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе ин рӯзҳо ҳамин аҳволро доранд.
Шикоят аз норасоии нерӯи барқ дар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Бо сардтар шудани ҳаво реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҳам сахттар шудааст. Дар ин шароит мақомот аз сокинон хостаанд, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд.
Дар Душанбе даҳҳо толори варзишӣ ё фитнесклубҳо фаъолият доранд, ки бо пешниҳоди машқу хидматрасониҳои гуногун занону мардонро ба тамрин даъват мекунанд.
"Наёфтем. Ба кадом нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ медароем, мегӯянд, ки газ нест ва дар як-ду рӯзи оянда ҳам намешавад." Лутфулло, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, рӯзи панҷуми ноябр чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар пойтахт гашт, аммо гази моеъ наёфт.
Лутфулло, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, рӯзи панҷуми ноябр чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар пойтахт гашт, аммо гази моеъ наёфт. Вай ду рӯз боз дар ҷустуҷӯйи гази моеъ аст ва бо зарфи холӣ ба хона бармегардад.
Зилзилаи сахте, ки шаби дуюм ба сеюми ноябр Тоҷикистонро такон дод, ба иттилои расмӣ, зарар ва талафоти ҷонӣ надоштааст. Аммо воҳимаву таҳлука сокинони зиёдро аз баландошёнаҳои шаҳри Душанбе ба берун баровард.
Ёфтҳои бештар