Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саргардон шудем." Ғами муштариёни “Душанбе Сити”-ро кӣ мехӯрад? 

"Занг мезанем, ҳеч кас ҷавоб намедиҳад. Тахминан 200 бор занг задем." Акбарҷон Зокиров аз шаҳри Хуҷанд бо баёни ин ҷумлаҳо гуфт, наметавонад бист ҳазор сомонии худро аз корти "Душанбе Сити Бонк" бигирад ва ба кораш идома диҳад. Касе аз намояндагони бонк ҳам ба ӯ шарҳ намедиҳад, ки чаро ин вазъ пеш омад.

Муштариёни дигари "Душанбе Сити Бонк" шикоят доранд, ки қариб як ҳафта боз наметавонанд ба ҷое пул фиристанд ё баръакс пул қабул кунанд. Иддае ҳам мегӯянд, як дафъа аз ҳисобашон сад сомонӣ пардохтанд, вале бонк онро се бор ҳисоб кардаву сесад сомонияшонро гирифтааст.

"Мегӯянд, система кор намекунад. 4-5 рӯз шуд. Ҳозир ба идораашон рафтем, барқ надоранд. Пул мегузаронем, аз ҳисоби мо мегирад, вале дар он тараф мегӯянд, ҳанӯз дастрас нашудааст. Намедонем чӣ кор кунем. Ман ронандаи таксӣ ҳастам, шаҳрвандон пул мегузаронанд, вале дар ҳисоби мо намегузарад,” – гуфт ронанда Ҷумъахон Неъматов.

Илҳомҷон Кабиров, сокини шаҳри Душанбе, мушкили ҳамсонро таҷриба кардааст: “Дирӯз дар бозор панҷ ҳазор сомонӣ гузаронидем, вале пул дар байн мондааст. Намегузарад. Сарсону саргардон шудем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба “Душанбе Сити” чӣ шуд? Шикояти муштариён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00


Чаро ширкат тамосҳоро бе посух гузошт?

Чанде аз сокинон гуфтанд, онҳоро хомӯшии намояндагони “Душанбе Сити Бонк” ва бе посух мондани тамосҳояшон бештар нигарон кардааст. Ба қавли тоҷир Фаридун Тиллоев, "мо се рӯз пеш 28 ҳазору 650 сомонӣ гузаронидем. Дар мо сурх нишон медиҳад, яъне пулро гирифтааст, вале ба он одам нарасидааст. Бо ширкат тамос мегирем, занг намеравад.”

Дар яке аз намояндагиҳои бонк гуфтанд, аз сабаби он ки дар як вақт муштариёни зиёд тамос гирифтанд, натавонистанд, ба ҳама посух диҳанд, вале ҳоло дигар хати тамосашон фаъол аст.

Барои дурустии ин гуфтаҳо, ба рақамҳои бонк, ки дар саҳифаашон дар Фейсбук ҳам ҳаст, се бор занг задем, вале фаъол набуд.

Беҳрӯз Неъматзода
Беҳрӯз Неъматзода

Дар бонки “Душанбе Сити” гуфтанд, низом ё системаи кори онҳо мавриди ҳамлаи ҳакерон ё рахнагарон қарор гирифтааст. Беҳрӯз Неъматзода, намояндаи “Душанбе Сити Бонк”, гуфт: "Аз дақиқаҳои аввал гурӯҳи мутаххассисон ва коршиносони амнияти иттилоотӣ фаъолият мебаранд. Мо фавран чораҳои заруриро андешидем ва айни замон вазифаи асосии ҳамён барқарор шуд. Кори он тадриҷан ба ҳолати устувор бармегардад. Пули истифодабарандагон ва маълумоти шахсӣ дар амнияти комил қарор дорад.”

Намояндагони бонк гуфтанд, бо ҳал шудани мушкил масъалаи баргардонидан ё барқарор кардани пули муштариён шуруъ шудааст. Вале чанде аз сокинон гуфтанд, мушкилашон ҳанӯз ҳал нашудааст.

“Душанбе Сити” яке аз бонкҳои Тоҷикистон аст, ки зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо қарор дорад. Дар гузашта низ шикоятҳо аз сатҳи хидматрасониҳои ин бонк, ки ба шахсони баландпоя нисбат дода мешавад, садо додаанд, вале масъулонаш на ҳамеша ба нигарониҳо посух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG