Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар фоида гирифтанд? "Худиҳо" чӣ?


Даромади бонкҳои Тоҷикистон дар як соли охир ёздаҳ дарсад афзуда, ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидааст. Баъзе аз ин бонкҳоро ба пайвандони раисҷумҳур ва ё шахсони наздик ба хонаводааш вобаста медонанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Таҳлилгари иқтисодӣ, Амони Асрор, бештар шудани фоидаи бонкҳоро дар шароите, ки даромади оилаҳо ва ширкатҳои хурду миёна дар соли гузашта афзоиши чашмгир надошт, суолбарангез донист.

"Ҳанӯз рақобати солим шакл нагирифтааст"

Бино ба оморе, ки дар сомонаи Бонки Миллӣ маҳфуз аст ва Радиои Озодӣ онро 12-уми март дид, "Душанбе Сити Бонк", бозигари нисбатан ҷавон дар бозори молии Тоҷикистон, соли гузашта ҳудуди 150 миллион сомонӣ фоида гирифтааст.

Ҳафтод дарсади саҳмияи бонк ба "Авесто Гурӯҳ" тааллуқ дорад. Мудири ширкати "Авесто Гурӯҳ" Мирзо Муҳаммадро аз шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, ном мебаранд. Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро зери даст дорад. Аз тавлиди оби "Сиёма" гирифта, то истеҳсоли мусофирбар ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар Душанбе ва Хуҷанд.

"Ориёнбонк", ки раёсаташро додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозода ба уҳда дорад ва муовини ӯ духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон аст, дар соли гузашта беш аз 98 миллион сомонӣ фоидаи соф гирифтааст. Дар муқоиса ба соли 2021-ум 30 миллион сомонӣ камтар.

"Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон", ки саҳмияҳояш ба номи "Тоҷик Кайтеринг Сервис" ва Шералӣ Холов сабт шудаанд, даромадашро дар соли гузашта 92,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон молики чанд ширкати дигар, аз ҷумла "Стандарт-Иҷора" ва "Стандарт Бима" аст. Ҳаммуассиси ин ду ширкат Гулов Ҷамшед Шералиевич номбар шуда. Бар асоси маълумоти расонаҳои наздик ба мухолифон, аз ҷумла “Паём” ва “Ислоҳ”, ӯ бародари Ашраф Гулов, яке аз домодҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

“Коммерсбонки Тоҷикистон” гуфтааст, дар соли гузашта беш аз 43 миллион сомонӣ суд бардошт. Ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ширкати "Фароз", ки ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент пайванд медиҳанд, молики “Коммерсбонки Тоҷикистон” аст.

“Спитамен Бонк”, ки молики сад дарсадии саҳмияҳояшро “Спитамен Суғурта" муаррифӣ мекунад, ба Бонки Миллии Тоҷикистон фоидаи софашро дар соли гузашта зиёда аз 27 миллион сомонӣ гузориш дода. Ин бонкро дар гузашта ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вобаста медонистанд. Худаш сарудсадоро дар ин замина рад кард.

Амони Асрор, таҳлилгари иқтисодӣ, ки таҷрибаи кор дар яке аз бонкҳои низомсозро дошту феълан берун аз кишвар аст, мегӯяд, "тавре ба назар мерасад, дар бозори бонкии Тоҷикистон ҳанӯз рақобати солим шакл нагирифтааст".

Вай бо таваҷҷуҳ ба омори охир гуфт, "муваффақияти бонкҳо аз молики он бештар вобаста аст, ки то чӣ ҳад ба шахсони таъсиргузор дар ҳукумати Тоҷикистон робита доранд."

Суол ва сабабҳои эҳтимолӣ

Дар ҳоле ки мақомот шарҳе намедиҳанд, бар асоси омори маҳфуз дар сомонаи Бонки Миллӣ, фоидаи софи "Эсхата" ба зиёда аз 317 миллион сомонӣ расида. Ин нишондоди баландтарин дар миёни бонкҳои ҷумҳурӣ аст.

Фоидаи солонаи Аввалин бонки молиявии хурд беш аз 39 миллион сомониро ташкил додааст. Тақрибан 84 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба сохторҳои Бунёди Оқохон вобаста аст. Бонки давлатии Тоҷикистон "Амонатбонк" 101,6 миллион сомонӣ ва "Саноатсодиротбонк" 35,6 миллион сомонӣ суд гирифтаанд.

"Алифбонк" фоидаи софашро ба 42,6 миллион сомонӣ расондааст. Дар Бонки Миллӣ соҳиби 100-дарсадии саҳмияҳои онро "Alif Capital Holdings limited" муаррифӣ кардаанд. Дар пойгоҳҳои иқтисодии хориҷӣ яке аз мудирони ҳолдинг соҳибкор, Ҳофиз Шаҳидӣ, нишон дода шудааст.

Ягона бонке, ки соли гузашта бо тақрибан 1 миллион сомонӣ зиён корашро поён дод, "Халиқ Бонк Тоҷикистон" будааст. Онро қаблан "Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон" аз молики қазоқистонияш харид.

Таҳлилгари иқтисодӣ, Амони Асрор, мегӯяд, фоида гирифтани бонк ё ташкилоти хурди қарзӣ як раванди маъмулӣ аст, яъне падидаи солими иқтисодӣ. "Ҳадафи таъсиси бонк ҳам гирифтани фоида аст. Аммо дар шароите, ки даромади хонаводаҳо, ширкатҳои хурду миёна ва тоҷирон дар Тоҷикистон дар як соли охир афзоиши чашмгир надошт, якбора 11 дарсад афзудани даромади бонкҳо суолбарангез аст," -- мегӯяд ӯ.

Дар ҳар сурат, ӯ сабабҳои эҳтимолии афзудани фоидаи бонкҳоро дар Тоҷикистон чунин баршумурд: "Аз як сӯ, дар соли охир қурби сомонӣ дар баробари доллар афзоиш ёфт. Ин дар таърихи истиқлол падидаи нодир буд. Аз сӯйи дигар, қурби рубл боло рафт ва аксар муҳоҷирон рубл аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳо аз ин суди хубе мебардоранд. Бо вуҷуди боло рафтани қурби сомонӣ баҳраи қарзи бонкҳо кам нашуд ва, албатта, ин омил ҳам боис ба афзоиши даромади бонкҳо гардид."

Дар Тоҷикистон 15 бонк фаъол аст. Ба иттилои Бонки Миллӣ, 20 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд низ ҳастанд. Дар ҳафт соли охир дар Тоҷикистон камаш чаҳор бонки бузург, аз ҷумла ду бонки низомсози "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" муфлис эълон шудаанд. Тасмиме, ки бовари сокинонро ба бонкҳо кам ва пулҳоро аз қуттиҳои оҳанӣ ба дохили болиштҳо баргардонд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG