Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз фазои маҳдуд ва фишор дар Тоҷикистон


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (рост) ва Константинос Комбос, вазири корҳои хориҷии Кипр (чап). Шаҳри Брюссел, 19-уми октябри 2025
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (рост) ва Константинос Комбос, вазири корҳои хориҷии Кипр (чап). Шаҳри Брюссел, 19-уми октябри 2025

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳуқуқи бунёдии мардумро муроот кунанд ва ба зидди тамоми навъи табъиз дар кишвар мубориза баранд. Дархости онҳо дар нишасти 11-уми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон садо додааст. Нишаст рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Брюсел баргузор шуд.

Иттиҳоди Аврупо дар ин нишаст аз фишори ҳукумати Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқу хабарнигорон ва фазои маҳдуд барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Нишасти 11-уми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон
Нишасти 11-уми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Дар айни замон аз намояндагони ҳукумат хоста шудааст, онҳоеро ба ҷавобгарӣ бикашанд, ки соли 2022 ба зидди тазоҳургарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нерӯи беш аз ҳад истифода карданд.

Дар ин тазоҳуроти олуда ба хушунат на камтар аз 20 нафар кушта шуда, сипас даҳҳо фаъоли маданӣ, аз ҷумла ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон ба зиндон маҳкум гаштанд. Ҳукмҳое, ки худашону наздиконашон напазируфта, беасос донистанд.

Аз он сол то кунун хабарнигорону блогерон Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Эмомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Рухшона Ҳакимова ва Аҳмади Иброҳим дастгиру зиндонӣ карда шуданд.

Рӯзноманигорону блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон
Рӯзноманигорону блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон

Дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 20-уми ноябр нашр шуд, омадааст, волоияти қонун, демократисозӣ, риояти ҳуқуқи инсон унсурҳои муҳимтарин барои як фазои сармоягузории боэътимод аст. Ҳомиёни ҳуқуқ солҳои охир ин Иттиҳодро танқид мекунанд, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва саркӯби дигарандешонро дар Тоҷикистон нодида мегирад.

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар нишаст ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, авзои сиёсӣ ва ҳамкориҳои минтақаиро баррасӣ кардаанд. Қарор аст, дар ояндаи наздик ду тараф аҳдномаи муҳимеро имзо кунанд, ки бозори бузурги Иттиҳоди Аврупоро барои Тоҷикистон боз мекунад.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, бо риояти қонунҳои байнулмилалӣ, аз тамомияти арзии Украина ҳимоят карда, ҳамкориро барои монеъ шудан ба канор задани таҳримҳои байнулмилалӣ ба зидди Русия идома диҳад.

Чанде пеш Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистон, “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистонро ба феҳрасти муассисаҳои таҳти таҳрим ворид кард. Ин қарор ба ҳеч як бонк ва муассисаи кишварҳои узв иҷоза намедиҳад, бо ин се бонк муомилаи молӣ анҷом бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG