Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии HRW аз марги Саидаъзам Раҳмонов ва даъваташ аз Олмон


Саидаъзам Раҳмонов
Саидаъзам Раҳмонов

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз марги Саидаъзам Раҳмонови 29-сола дар боздоштгоҳе дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Баёнияи ин созмони байнулмилалии муътабар рӯзи 11-уми ноябр нашр шуд.

Саидаъзам Раҳмонов аз соли 2019 дар Олмон мезист. Ба нақли яке аз пайвандонаш, вай тобистони имсол ба Тоҷикистон рафт, то ҳуҷҷатҳои заруриро барои тамдиди виза дар Олмон ҷамъ биоварад, аммо рӯзи 6-уми октябр дастгир шуда, баъди як ҳафтаи он дар шароити мармуз ҷон бохтааст.

Баъзе аз наздиконаш бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки дар бадани Саидаъзам Раҳмонов осори шиканҷаро диданд, вале мақомот гуфтаанд, “ӯ худкушӣ кард”.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, рӯзи 11-уми ноябр марги Саидаъзамро аз силсилаи парвандаҳои марбут ба тоҷикони муқими Олмон номбар кард, ки "пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бо поймоли шадиди ҳуқуқи башар ё бадтар аз он дучор шудаанд".

"Президент Эмомалӣ Раҳмон 33 сол боз бар Тоҷикистон, кишвари кӯҳистонии Осиёи Марказӣ бо беш аз 10 миллион аҳолӣ, ҳукмронӣ мекунад. Ҳукумати иқтидоргарои ӯ аз интихоботи одилона канорагирӣ, мухолифон ва садоҳои мустақилро саркӯб ва озодиҳои бунёдии шаҳрвандони худро инкор мекунад," – нигоштааст ӯ.

Ҳю Вилямсон
Ҳю Вилямсон

Вай қазияи Саидаъзам Раҳмоновро паёме ба мақомоти Олмон низ дониста, аз ин кишвари аврупоӣ даъват кардааст, то "нақши худро дар чунин ҳодисаҳо ва муносибаташро бо Тоҷикистон бознигарӣ кунад."

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз чанд мавриди ихроҷи тоҷикон аз Олмон ва боздошт шудани онҳо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки “ихроҷи одамон ба ҷое, ки барояшон хатари шиканҷа таҳдид мекунад, хилофи қонунҳои байнулмилалист.”

Созмон аз қазияи паноҳҷӯёни тоҷик дар Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев ёд овардааст, ки дар солҳои 2023 ва 2024 ба Тоҷикистон ронда шуда, яке ба 7 ва дигаре ба 8 сол зиндон маҳкум гаштанд.

Ҳю Вилямсон гуфтааст, ҳеч кадоме аз онҳо бояд ба Тоҷикистон фиристода намешуданд. Ба гуфтаи вай, Олмон омода аст масъулиятҳои байнулмилалии худро нодида гирад ва бо мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи ихроҷи шаҳрвандон ҳамкорӣ кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, “Вазорати корҳои хориҷии Олмон далелҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон қобили эътимод хондааст,” дар ҳоле ки “вақте вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар ваҳшатбор аст, чунин кафолатҳо боварибахшу кофӣ нестанд”.

Интиқоди Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Олмон барои ихроҷи паноҳҷӯёни тоҷик дар ҳолест, ки пештар Созмони “Озодӣ барои АвруОсиё” (Freedom For Eurasia) ҳам қарори Олмонро барои бозгардондани баъзе паноҳҷӯён ба Тоҷикистон маҳкум карда буд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфта буд, бо идомаи вазъ Олмон метавонад ба “кишвари ёрирасони диктатураи бераҳм” табдил ёбад.

Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ баъзе аз онҳоро бо иттиҳомҳои гуногун аз қаламрави худ меронанд.

XS
SM
MD
LG