Мақомоти интизомии Фаронса рӯзи 3 октябр шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Зоирови 23-соларо бар асоси дархости мақомоти интизомии ин кишвар аз шаҳри Нитсаи Фаронса тариқи Истанбул ба Душанбе ихроҷ кардааст.
Парвиз Зоиров аз язгуломиҳои сокини маҳаллаи «Дарвоз»-и шаҳри Душанбе буда, баҳори имсол дар авҷи таъқибҳои сокинони ин маҳалла, ҳарчанд худаш дар Тоҷикистон қарор надошт, вале бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «тундгароӣ» (307) ва «зархаридӣ» (401) гумонбар эълон шуд ва дар пайгард қарор гирифт.
Бино ба як фарзияи хешовандонаш, Зоировро барои изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар вайрон кардани қонун гумонбар медонанд.
Дар ҳоле, ки феълан санҷидани ин хабар тавассути сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон имкон надорад, яке аз сокинони маҳаллаи «Дарвоз»-и пойтахт ҷузъиёти мухтасари қазияро бо Радиои Озодӣ дар миён гузошт. Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки ба хотири амнияташ хост номаш нашр нашавад, рӯзи 13 октябр гуфт, Парвиз Зоиров давоми 55 рӯз дар боздоштгоҳи шаҳри Нитсаи Фаронса қарор дошт ва аз онҷо ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар бораи аз Фаронса фиристодани Парвиз Зоиров ҳам ҳануз шарҳе надодаанд.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки модар ва дигар хешовандони Парвиз хабар доранд, ки писарашон дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад, вале то ҳанӯз ба онҳо имкон надоданд, ки бо ӯ дидорбинӣ кунанд. Онҳо намедонанд, ки оё ӯ бо вакили мудофеъ таъмин шудааст ё на.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, Парвиз Зоиров соли 2022 аз Русия ба Белорус ва аз он ҷо ба Литва ва аввалҳои соли равон ба Олмон рафтааст. Ӯ афзуд, пас аз он ки мақомоти интизомии Олмон бар асоси дархости мақомоти Душанбе ӯро даъват карда бо ӯ сӯҳбате анҷом медиҳанд, ӯ ба хотири ба Тоҷикистон фиристода нашуданаш фирор намуда ба шаҳри Нитсаи Фаронса рафтааст.
Ҷузъиёти дигар аз сарнавишти Парвиз Зоиров феълан маълум нест.
Боздоштҳои моҳи март
Мақомоти амниятӣ рӯзи 9-уми марти соли равон зиёда аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро дастгир ва рӯзи 17 июн Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳукмҳои худро содир намуд. Аз ҷумла, 5 нафари онҳоро ба ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ гунаҳкор дониста, аз панҷ то ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.
Ба иттилое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар ин мурофиа инчунин чор нафар барои пинҳон доштани ҷиноят ва ё огаҳ накардани мақомоти интизомӣ аз ҷиноят ба 8 моҳи ҳабс маҳкум шудаанд. Он вақт хешовандонашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гумонбарон ба ҷиноят иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, ки пайрави “Салафия” нестанд.
Дар умум дар парвандаи ҷиноии афроди маҳкумшуда дар рӯзи 17-уми июн номи 17 нафар зикр шудааст, ки ба қавли муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон “аз аъзои ҷараёни динӣ-экстремистии “Салафия” мебошанд ва пайваста миёни сокинони маҳалла фикру ақидаҳои ин ҷараёнро ташвиқу тарғиб менамуданд." Ҳукмҳои дигар нафарон то ҳол дастрас нашудааст ва ҳам маълум нест, худи маҳкумшудаҳо чӣ назар доранд.
Пеш аз он, декабри соли 2024 ҳам 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол ба ҳабс маҳкум карда буд. 27 нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2024 гуфт, ки ҳамаи онҳо ба узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” муттаҳаманд. "Ансоруллоҳ" ё "Ҷамоати Ансорулло", ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва гуфта мешавад аксар пайравонаш тоҷикон ҳастанд.
Дар гузориши солонаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) боздошту ҳабси 27 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар соли 2024 чун намунаи поймолкунии ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.
Гуфтугӯ