Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифода аз зиндониён - василаи нави моил ба бозгашт кардани мухолифон


Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар талоши моил намудани мухолифони сокини Аврупо барои бозгашт ба ватан, аз василаи нав - сӯҳбати видеоии интернетӣ ҳам истифода мекардаанд.

Як чунин таҷрибаро миёнаҳои моҳи майи имсол бо иштироки чор узви бонуфуз ва собиқи Раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам аз дохили зиндони Ваҳдат амалӣ кардаанд.

Ин ҳодисаро рӯзи 7 октябр ба Радиои Озодӣ Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, воқеъ дар Лаҳистон нақл кард, ки дар гуфтугӯе дар бораи шахсият ва корномаи Зубайдуллоҳи Розиқ сӯҳбат мекард.

Зубайдуллоҳи Розиқ, ки ба қавли наздиконаш муддатҳо аз дарди дил ранҷ мекашид, рӯзи 24-уми сентябр дар синни 83-солагӣ дар зиндони Ваҳдат даргузашт. Ӯ ки соли 2015 ҳамроҳ бо дигар аъзои Раёсати ҲНИТ боздошт ва дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуд, ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро напазируфт.

Абдусаттор Бобоев (аз рост), раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ.
Абдусаттор Бобоев (аз рост), раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ.

Абдусаттор Бобоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёнаҳои моҳи майи имсол вақте намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар талоши сӯҳбат ва моил кардани ӯ ва дигар фаъолони мухолифон дар хориҷа дар тамос шуданд, аз усули нави таъсиррасонӣ кор гирифтанд. Дар як тамоси видеоии интернетӣ аз зиндони Ваҳдат чор маҳбуси сиёсӣ - Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Абдуқаҳҳори Давлатро ба сӯҳбат кашиданд.

Ӯ гуфт, бори аввал чеҳраҳои ин маҳбусони сиёсиро, ки даҳ сол пушти панҷара қарор доштанд, дар як навори видеоӣ дид ва бо онҳо сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ин сӯҳбатро ташкил карда буданд, талаб намуданд, ки ин мулоқот сабт нашавад. Ба гуфтаи ӯ, дар сӯҳбати видеоӣ Ҳисомиддин Розиқов - писари Зубайдуллоҳи Розиқ низ ҳузур дошт.

Ӯ аз ҷумла, чунин нақл кард: "Дар ин гуфтугӯ дар рӯбарӯи ман аз дохили зиндон Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Абдуқаҳҳори Давлат ҳузур доштанд, вале пешниҳоди мулоқотро намояндаҳои мақомоти дохилӣ карданд. Сипас Домулло Зубайдулло тамос гирифтанд ва ҳамин тавр мо сӯҳбат намудем. Қаблан ҳам чунин сӯҳбат сурат мегирифт, вале танҳо тариқи телефон. Ин навбат видеоӣ сурат гирифт",-афзуд Бобоев.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон.

Вай гуфт, ин мулоқот чанд ҳафта баъди он сурат гирифт, ки раҳбари "Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" (ҶИРТ) Шарофиддин Гадоев ба Кобул рафта, аз тарафи бархе намояндагони мақомоти Толибон пазируфта шуд. Сафари як раҳбари созмони мухолифони тоҷик ба Афғонистон, ки ҳодисаи бесобиқа дар аҳди раҳбарии ин гурӯҳи тундрав дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон дониста мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам инъикос ёфт.

Баъди бозгашти Гадоев ба Амстердам, 30-юми апрел "Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" дар изҳороте аз "хатари афзоянда"-и шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш изҳори нигаронии ҷиддӣ намуд. Ӯ гуфт, ин ташаккули террористиро шумори зиёди ҷангҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд ва ин вазъ "натиҷаи бевоситаи сиёсати саркӯбгаронаи низоми феълӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҷавононро аз ҳаққи зиндагии шоиста, озодӣ ва адолат маҳрум кардааст".

Мақсади сафараш ба Афғонистонро Гадоев чунин гуфта буд: "Таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, тавсеаи муколамаи мустақим ва пурмазмун байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародаронаи байни мардуми ду кишвар".

Абдусаттор Бобоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҳсос мешуд, ки мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон аз ин ҳодиса "нигарон шудаанд".

"Ду намояндаи мақомоти қудратӣ ба ман гуфтанд, ки марзи Тоҷикистон мустаҳкам аст, ҳеҷ касе наметавонад ворид шавад, вале шумоҳо ба Гадоев ҳамроҳ нашавед, ҳамкорӣ накунед" ва "марҳамат, ба Тоҷикистон баргардеду ба зиндагиатон идома диҳед",-гуфт Бобоев.

Зубайдуллои Розиқ рӯзи 24 сентябри соли ҷорӣ дар синни 83-солагӣ дар зиндони Ваҳдат даргузашт.
Зубайдуллои Розиқ рӯзи 24 сентябри соли ҷорӣ дар синни 83-солагӣ дар зиндони Ваҳдат даргузашт.

Ӯ дар идома афзуд: "Ман медонистам, ки Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Сайфуллозода чӣ мехоҳанд ба ман бигӯянд ва ба онҳо имкони гап задан надодаму гуфтам, ки "марҳамат, мо омода ҳастем, ки баргардем, вале зиндониёни сиёсӣ, масалан, Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Сайфуллозода ва дигар зиндониёни сиёсиро озод кунед".

Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки "мо мехоҳем онҳоро раҳо кунем, вале ин масъала ба мо вобаста нест". Пас дар чунин ҳолат чӣ гуна ман бовар кунаму ба Тоҷикистон баргардам?-мегӯяд Бобоев. -

"Зубайдуллои Розиқ дар ин сӯҳбати видеоӣ гуфт, баргардед ва ихтиёри худатон аст, тасмимро худатон гиред, ки бармегардед ё не",-нақл кард Абдусаттор Бобоев.

Ҳисомиддин Розиқов, писари Зубайдуллои Розиқ, ки мегӯяд, то охири ин гуфтугӯи видеоӣ ширкат дошт, афзуд, "Ҳикматулло Сайфуллозода ҳам гап зад ва гуфт, ки "мо кор надорем, агар омадед, марҳамат, биёед, вале агар наомадед, ихтиёри худатон аст".

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, дар умум ин сӯҳбати видеоӣ беш аз як соат идома кард. Ба саволи ин, ки оё вазъи саломатии зоҳирии чор зиндонии ҳамсӯҳбаташон чӣ гуна буд, Бобоев гуфт, "рангашон коҳида буд ва садои Раҳматуллоҳи Раҷаб меларзид ва чунон паст сӯҳбат мекард, ки ба сахтӣ гапи ӯро фаҳмида мешуд".

Ҷалолиддини Маҳмуд ва Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, аз раҳбарони ҲНИТ, дар солҳои 2023 ва 2024 дар зиндон фавтиданд.
Ҷалолиддини Маҳмуд ва Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, аз раҳбарони ҲНИТ, дар солҳои 2023 ва 2024 дар зиндон фавтиданд.

Мақомот то ҳол хеҷ хабаре дар бораи ташкил кардани чунин як сӯҳбате бо намояндагони мухолифон аз дохили зиндон нашр накардаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки даҳҳо нафар "бо изҳори пушаймонӣ" ба ватан баргаштаву мавриди афв қарор гирифтаанд.

Ин иддао ҳам баҳсбарангез аст, чун дар чандин ҳолате, ки ба матбуот роҳ ёфтааст, аз ҳабсу ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудани гумонбарон дар содир кардани ҷиноятҳои мисли ифротгароӣ ё узвият дар созмонҳои мухолифи ҳукумат, хабар медиҳад.

Ҳисомиддин Розиқов ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки кормандони амният ва умури дохилии Тоҷикистон давоми се соли охир бо ӯ ва дигар фаъолони мухолифон дар Аврупо пайваста дар тамос шуда, талош мекунанд онҳоро барои бозгашт ба ватан мутақоид созанд. Ӯ гуфт, дар баъзе ҳолатҳо ба ваъдаҳои худ вафо мекунанд.

"Масалан як бародарбузурги ман, ки дар хориҷа буд ва ӯро дар пайгард қарор дода буданд, дар натиҷаи ҳамин гуна тамосу гуфтугуҳо бо мақомот ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло зиндагии орому тинҷ дорад. Як намояндаи Ҳизби наҳзат низ баъди тамос бо мақомот баргашт ва дар дохил зиндагии ором дорад".

Айни замон, ҳам Абдусаттор Бобоев ва ҳам Ҳисомиддин Розиқов мегӯянд, ба ваъдаи мақомот барои замонати зиндагии озод аз пайгарди қонун то охир эътимод карда наметавонанд, чунки ҳатто дар мисоли Зубайдуллои Розиқ - як марди солхӯрда ва бемор диданд, ки дархости афву озодии пеш аз мӯҳлати ӯ кор намедиҳад.

Соли гузашта Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, дигар узви пешини Раёсати ҲНИТ ҳам дар беморхонаи зиндони Ваҳдат дар синни 65-солагӣ даргузашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG