Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шарм медоранд." Нигаронӣ аз афзоиши хушунати ҷинсӣ дар Тоҷикистон

Тасвир аз Shutterstock
Тасвир аз Shutterstock

Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз зиёд шудани хушунати шаҳвонӣ, аз ҳукумат хостааст, ки ҷазоро барои хушунати ҷинсӣ сахттар кунад.

"Шикояти 7 нафар исботи худро ёфт"

Намояндагони ин ниҳод 15-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, то кунун ҳафт маврид аз хушунати ҷинсӣ исботи худро ёфта, ба зидди гумонбарон парванда боз шудааст. Дар асл, ба гуфтаи онҳо, чунин мавридҳо зиёданд, аммо занону духтарон шарм медоранд, ки шикоят кунанд.

Маҳбуба Азимова
Маҳбуба Азимова

“Масалан, ба утоқи корӣ меоянд, то суҳбатҳояшон махфӣ бимонад. Мо бо прокуратура (додситонӣ) ва суд (додгоҳ) кор мекунем. Чӣ тавре гуфтем, шикояти 7 нафар исботи худашро ёфта, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид,” – гуфт Маҳбуба Азимова, намояндаи Кумитаи занон.

Дар Кумитаи кор бо занон ҳувият ва ҷузъиёти кирдори онҳоеро, ки алайҳашон парванда боз шудааст, ошкор накарданд. Аммо раиси ин идора вазъро "ҷиддӣ" донист ва гуфт, баъзе аз ин мавридҳо "аз ҷониби шахси наздиктарин" сурат гирифтааст.

Бунафша Файзиддинзода афзуд: “Модарон духтаронашонро ба ҳар ҷой, хонаи хешовандон, мефиристанд. Дар натиҷа, ягон хеши онҳо ба духтар дастдарозӣ мекунад. Духтар ноболиғ аст. Метарсонанд. Метарсад. Модари вай шарм медорад ба мо муроҷиат кунад. Ҳамин ҳолатҳо дар мо ҳаст, сабт шудааст."

Раиси Кумитаи занон гуфт, зиёд шудани хушунати ҷинсӣ онҳоро маҷбур кард, ки барои сахттар кардани ҷазо ва тағйири қонунгузорӣ иқдом кунанд ва ҳоло ин ниҳод машғули таҳияи як бастаи ислоҳҳо аст.

"Ин кор бисёртар аз беҷазоӣ мешавад"

Наргис Тоисматова
Наргис Тоисматова

Равоншинос Наргис Тоимастова мегӯяд, дар воқеъ, ин гуна мавридҳо зиёд аст, вале чун ҷомеаи мо суннатӣ аст, на ҳама занҳо ҷасорати муроҷиат карданро доранд. Вай афзуд, мақомот бояд на танҳо бо фактҳо кор кунанд, балки барои пешгирияш низ чора ҷӯянд.

“Ин корҳо бисёртар аз беҷазоӣ мешавад. Занҳо ба милиса муроҷиат мекунанд. Худи милиса кӣ ҳаст? Боз мард. Шояд марде, ки худаш занашро латукӯб мекунад. Занҳо шояд борҳо муроҷиат мекунанд, вале аҳамият ҳам надиҳанд. Агар ҷазо диҳанду ҳаминро ба воситаи расонаҳо ошкор кунанд ва шахсияти онҳо ба ҳама маълум шавад, дигаронаш метарсанд,” – гуфт ӯ.

Қонунгузории Тоҷикистон хушунати шаҳвониро “кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила” медонад, ки “озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила”-ро таҷовуз мекунад.

Ҳамчунин “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила” анҷом шудаанд, хушунати ҷинсӣ эътироф шудааст.

Бар асоси маълумоти расмӣ дар ним сол мақомоти Тоҷикистон дар маҷмуъ 154 мавриди хушунати хонаводагиро сабти ном кардаанд, ки ҳафт ҳолати он хушунати ҷинсӣ будааст. Беш аз дусад мард ҳам аз хушунати хонаводагӣ шикоят кардаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон дастдарозӣ ба духтарон зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG