Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад?

Ҳавопаймо. Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе
Ҳавопаймо. Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе

Дар пайи муваққатӣ манъ шудани содироти сӯзишвории ҳавопаймо аз Русия, мақомоти Тоҷикистон талош доранд аз кишварҳои дигар маводи сӯхт ворид кунанд. То ин вақт Тоҷикистон сӯзишвории мавриди ниёзаш, аз ҷумла барои ҳавопаймоҳоро аз Русия мегирифт.

Музокирот бо Қазоқистону Туркманистон

Таъмини сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл аз мавзуъҳои асосии нишасти хабарӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ буд. Ин мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки Русия аз якуми июн содироти сӯзишвории ҳавопаймо ё керосинро то 30-юми ноябри имсол манъ кард.

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои сӯхтрасон дар Тоҷикистон як ҳафта боз дар талоши ворид кардани сӯзишворӣ аз кишварҳои дигар ҳастанд. Ба гуфтаи Назарзода, гуфтугӯҳо барои ворид кардани сӯхти ҳавопаймо бо Қазоқистон, Туркманистон ва баъзе кишварҳои дигар идома дорад.

Ҳабибулло Назарзода
Ҳабибулло Назарзода

“Айни ҳол маълумот гирифта истодаем, ки дар куҷо сӯзишворӣ бошад то шартнома бандем ва ворид шудани сӯзишвориро ба роҳ монем,” – афзуд Ҳабибулло Назарзода.

Ҷузъиёти гуфтугуҳо бо Қазоқистон ва Туркманистон фош намешавад.

Дар нишасти Оҷонси авиатсия нагуфтанд, ки захираи сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон чӣ қадар мондааст. Аввали моҳи июн хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Вазорати энергетикаи Тоҷикистон навишт, ки дар кишвар қариб 60 ҳазор тонна захираи сӯхти ҳавопаймо аст ва то охири моҳи ноябр бояд кофӣ бошад.

Дар пайи ҳамлаҳои давомдори паҳподҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия, дар ин кишвар камбуди шадиди сӯхт ва болоравии нархи он ба миён омадааст. Ин ҳолат ба Тоҷикистон ҳам расид, чун Русия таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо сӯзишворӣ мебошад.

Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон соли 2025 аз Русия беш аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯхти ҳавопаймо харидааст.

То соли гузашта ворид кардани сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" буд. Соли гузашта мақомот гуфтанд, ки ду ширкати дигар ҳам вориди ин бозор шудаанд. Аммо номи моликони ин се ширкат эълон намешавад. Гарон будани сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон қаблан нигаронии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сафири Туркия дар Душанберо ба миён оварда буд.

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Душанбе, моҳи августи соли 2025 дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки ширкати "Туркиш эйрлайнз" як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе ба 1780 доллар мехарад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфҳои сафири Туркия ягон вокуниш накардаанд. Намояндагони ширкати таъмини сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопаймоҳоро аз куҷо мегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG