Русия солҳои охир дар баробари фишор болои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба даъвати коргарон аз Ҳиндустон ва кишварҳои дигари ҳампаймонаш рӯй овардааст. Маскав бо ин роҳ мехоҳад, муҳоҷирати кориро зери назорати шадид гирифта, ҳамзамон ба коршариконаш гуё ҷоиза диҳад ва кумак кунад.
"Корашонро дӯст медоранду талош доранд"
Як гурӯҳ аз ҷавонони ҳиндӣ чоруним ҳазор километрро тай карда, дар як корхонаи дӯзандагии Маскав кор мекунанд. Гаурави 23-сола яке аз онҳост. Вай мегӯяд, аҳли оилаашро ёд кардааст. "Дар ватан ду бародар, ҳамсару ду фарзанд ва падару модар мунтазири ман ҳастанд," – афзуд ӯ.
Ширкати Brera Intex-и Маскав даҳ муҳоҷири корӣ аз Осиёи ҷанубиро барои дӯхтани парда ва астари болишту кӯрпа ба кор гирифтааст. Молики ин муассиса, Олга Луговская, аз заҳмати онҳо қонеъ будааст.
Ӯ гуфт: "Онҳо бе оилаҳояшон омадаанду худашон ҳам ҷавонанд. Дар ҷояшон шишта, нақшаро пурра иҷро мекунанд. Корашонро дӯст медоранду талош доранд, ба оилаҳояшон дар ватан кумаки бештар расонанд."
Дар хоҷагии кишоварзии Сергиеви канори Маскав ҳам шумори муҳоҷирони корӣ аз Ҳиндустон рӯ ба афзоиш аст. Соҳил аз устони Панҷоби Ҳиндустон ба Русия омадааст. Вай мегӯяд, "як сол мешавад, ки дар хоҷагии Сергиев бо коркарди картошкаву лаблабу машғул ҳастам. Дар Ҳиндустон пул кам аст. Ин ҷо пули хуб медиҳанд."
"Пештар коргарон аз Узбекистону Тоҷикистон меомаданд"
Ба қавли молики хоҷагии Сергиев, Сергей Токман, соли гузашта ҳукумати Русия бар пояи саҳмия ё квота ба онҳо иҷозат додааст, ки чил нафарро ба кор гиранд. Вай 20 нафарро аз Куба ва 20 каси дигарро аз Ҳиндустон даъват кардааст.
"Дар гузашта коргарон аз Узбекистон ва баъзан аз Тоҷикистон меомаданд. Русҳои маҳаллӣ низ баъзан кор мекарданд, вале аз сабаби камбуди нерӯи корӣ аз хориҷа коргар меорем," – шарҳ дод вай.
Токман афзуд, маоши онҳо барои мардуми маҳаллӣ қобили қабул нест: "Маоши миёна дар хоҷагии мо ба панҷоҳ ҳазор рубл ё ба 660 доллари Амрико баробар аст. Муҳоҷирон ҳамакора ҳастанду асосан бо банду басти халтаҳои картошкаву лаблабу машғул ҳастанд. Мардуми маҳаллӣ барои чунин шуғл пули бештар талаб мекунад."
Соли 2021, як сол пеш аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина, Маскав ба вуруди ҳамагӣ панҷ ҳазор коргар аз Ҳиндустон иҷозат дода буд. Соли 2025 беш аз 70 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон барои кор ба Русия даъват шуданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Хориҷаи дур"
Ширкати Алексей Филипенков, ки бо даъвати коргарони хориҷӣ ба Маскав машғул аст, таъкид мекунад, ки солҳои охир шумораи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта, онҳоро ба ҷустуҷӯйи бозорҳои нави нерӯи корӣ водор кард.
"Вазъият тахминан се сол пеш тағйир ёфт. Камбуди нерӯи корӣ аз ҳисоби коҳиши вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба вуҷуд омад. Вазъияти иқтисодӣ ҳам дар Русия ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар шуд. Қонунҳои марбут бо муҳоҷират шадидтар шуданд. Дар натиҷа захираҳои корие, ки аз кишварҳо ба Русия меомаданд, мутаассифона, коҳиш ёфтанд. Вобаста ба вазъият тақозо ба воридоти нерӯи корӣ аз кишварҳои ба истилоҳ "хориҷаи дур" афзоиш ёфт," – шарҳ дод ӯ.
Коршиносон ҳамчунон заиф шудани рубли Русия, даъвати иҷбории муҳоҷирони корӣ ба ҷанги Украина ва сиёсати зиддимуҳоҷирати мақомдорону қонунгузорони Русияро аз сабабҳои асосии камшавии таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷамоҳири собиқ шӯравӣ ба кор дар ин кишвар ёд мекунанд.
Хабарнигори "Рейтерс" интихоби муҳоҷирони корӣ аз Ҳиндустонро ҳамчун тасмими мантиқии ҳукумати Русия номида, хотирнишон мекунад, ки солҳои ахир Ҳиндустон сӯзишвории таҳримшудаи Русияро бо нархи арзон ба даст оварда, сипас аз номи худ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебарорад.
Моҳи декабри соли гузашта ҳангоми мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди созише имзо шуд, ки шароити кори шаҳрвандони Ҳиндустонро дар Русия осон мекунад.
Муовини аввали сарвазири Русия Денис Мантуров мегӯяд, феълан кишвараш метавонад миқдори бе маҳдудияти муҳоҷирони корӣ аз Ҳиндустонро бо шуғл таъмин кунад. Ӯ меафзояд, дар ҳоли ҳозир истеҳсолоти Русия бо 800 ҳазор нафар ва соҳаҳои хадамоту сохтмон ба як миллиону панҷсад ҳазор коргар эҳтиёҷ дорад.