Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз табобати ройгон то ҳуқуқҳои сиёсӣ. Қонуни нав ба маъюбон чӣ имтиёз медиҳад?

Яке аз гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ бо матни қонуни нав дар бораи таъмини ҳуқуқи маъюбон ё шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд шинос шуд. Ин қонун 6-уми май аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни нав, ки давоми ду соли ахир аз сӯи мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуд, давлатро вазифадор мекунад, ки маъюбонро бо таҳсил, кор, ҷубронпулӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ таъмин кунад. Ин қонун рӯзи 6-уми май аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қабул шуд.

Радиои Озодӣ бо матни қонуни нав дар бораи таъмини ҳуқуқи маъюбон ё шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд шинос шуд.

Бар асоси ин санад, ҳамаи ташкилоту корхонаҳо чӣ давлатӣ ё ғайридавлатӣ бояд на камтар аз 3 дарсади ҷойҳои кории худро барои маъюбон ҷудо кунанд.

Ҳамчунин ин қонун пешбинӣ мекунад, ки дар беморхона ва осоишгоҳҳои давлатӣ бояд ба маъюбон табобати ройгон ё имтиёзнок пешниҳод шавад. Пардохти ҷубронпулӣ, рафтуомади ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти нисфи хадамоти коммуналӣ ва бенавбат гузарондани хати телефон, барқ ва оби ошомиданӣ аз имтиёзҳои дигари давлат барои маъюбон будааст.

Дар Тоҷикистон қонуни кумак ба маъюбон қабул шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Ҳамчунин мақомот ва ниҳодҳо вазифадоранд, ки барои дастрасии бемамониати шахсони имконияташон маҳдуд ба биноҳои истиқоматӣ, варзишгоҳ, истироҳатгоҳ, роҳи оҳан, ҳавопаймо ва дигар нақлиёти ҷамъиятӣ шароити зарурӣ фароҳам кунанд. Хароҷоти ин кор бояд аз ҳисоби соҳибони ин иншоотҳо ва буҷетҳои маҳаллӣ пардохт карда шавад. Феълан баъзе аз маъюбон аз набудани шароити зарурӣ дар нақлиётӣ ҷамъиятӣ ва иншооти иҷтимоӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи маъюбон, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла автобус ва микроавтобусҳо, шароити лозим барои рафтани маъюбон фароҳам нест.

Дар баробари ин давлат бояд барои таҳсили маъюбон, бахусус кӯдакони имконияташон маҳдуд аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ шароити лозимро фароҳам созад. Маъюбон ҳақ доранд ба таври имтиёзнок ба ҳунаристон ва донишгоҳҳо қабул шаванд. Барои кӯдакон аз оилаҳои нодор, ки мушкили шунавоӣ, биноӣ ва роҳ рафтан доранд, таъсиси мактабҳо бо шароити махсус пешбинӣ шудааст.

Вале муҳимтар аз ин имтиёзҳо, қонуни нав бештар ба ҳамгироии ин қишр дар ҷомеа ва пешгирӣ аз ҳама гуна табъизи маъюбон тамаркуз мекунад. Дар қонуни нав омадааст, бо қолабҳои шахшуда, таассуб ва маросимҳои зараровар нисбати маъюбон бояд мубориза бурда шавад. Дар ин санад бори аввал давлат иштироки шахсони маъюбро дар ҳаёти сиёсии кишвар кафолат додааст. Бар асоси қонуни нав, шахсони имконияташон маҳдуд ҳақ доранд мустақим ё тавассути шахсони интихобкардаашон дар маъракаҳои сиёсӣ ширкат кунанд. Феълан маъюбон дар порлумони Тоҷикистон намояндаи алоҳида надоранд. Таҷрибае, ки дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Британияи Кабир маъмулӣ аст.

Ин санад ҳамчунин мақомотро вазифадор мекунад, ки “ҳолатҳои истисмор, зӯроварӣ ва таҳқир нисбати маъюбиятдошта ошкор, тафтиш ва дар ҳолатҳои зарурӣ” омилони онро таъқиб кунанд.

Вале бо вуҷуди имтиёзҳои зиёд баъзе масъалаҳо вобаста ба маъюбон, аз ҷумла таъмини намояндагони ин қишр бо манзил норӯшан боқӣ мондааст. Қонуни нав “масъалаи таъмини маъюбон бо манзили истиқоматӣ”-ро ба Кодекси манзил ҳавола кардааст.

"Маъюбон чӣ кор кунанд?" Норозигӣ аз бастани пиёдагузарҳо дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Қабули қонуни нав дар бораи шахсони имконияташон маҳдуд аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои тасвиби Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон аст. Ин конвенсия соли 2006 аз сӯи Маҷмааи умумии СММ қабул шуда, ҳамаи масоили марбут ба ҳуқуқи маъюбонро дар бар мегирад. Ин санад соли 2018 аз сӯйи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, вале Тоҷикистон то ҳол онро пурра тасвиб накардааст.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 170 ҳазор маъюб зиндагӣ мекунад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG