Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дороӣ ва амонат коҳиш ёфт." Ба бонки эронӣ дар Тоҷикистон чӣ шуд?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кори намояндагии як бонки Эрон дар Тоҷикистон камранг шуда, дороӣ ва амонати мардум дар он ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми июн бо гузориш ё ҳисоботи Бонки "Тиҷорат" барои моҳҳои январу феврал ва марти имсол шинос шуд.

Бар асоси ин санад, дар се моҳ дороиҳои намояндагӣ ё филиали Бонки “Тиҷорат” дар Тоҷикистон 27 дарсад коҳиш ёфта, аз 99 миллион сомонӣ ($10,6 млн) то 72,7 миллион сомонӣ ($ 7,7 млн) поин омадааст. Ҳадди ақал дар давоми ду соли охир дороиҳои намояндагии Бонки "Тиҷорат" то ин сатҳ кам нашуда буд.

Мо қазияи "Конт Бонк"-ро доштем, ки матбуот онро ба Бобак Занҷонӣ, сармоядори эронӣ марбут медонистанд ва ин бонк зери таҳрими Вазорати хазонадории Амрико қарор гирифт.

Тибқи ҳуҷҷатҳо, дар семоҳаи аввали имсол, пули амонатгузорон беш аз шаст дарсад кам шудааст. Филиали Бонки "Тиҷорат" дар оғози соли 2026 дар ихтиёраш 48 миллион сомонӣ ($ 5,1 млн) амонат дошт, вале он дар охири март ба 19 миллион сомонӣ ($ 2 млн) баробар шудааст. Ин вазъ дар рӯзҳое пеш омадааст, ки Эрон дар ҳоли даргирӣ бо Исроилу Амрико буд.

Радиои Озодӣ 3-юми июн барои гирифтани шарҳи намояндагии Бонки "Тиҷорат" ба ин бонк нома фиристод. Намояндагони бонк бидуни посух додан ба нома гуфтанд, “маълумоте, ки шумо мехоҳед маҳрамона аст ва мо наметавонем инро ба шумо диҳем.”

Бонки миллии Тоҷикистон низ дар посух ба номаи Радиои Озодӣ нагуфт, ки сабаби ба таври назаррас кам шудани дороӣ ва маблағи амонатгузорон дар Бонки “Тиҷорат” чист. Дар посухи Бонки миллӣ танҳо омадааст, “каму зиёдшавии дороиҳо ва уҳдадориҳои бонк ба гардиши пул дар суратҳисоби муштариён вобастагӣ дорад, ки ин дар фаъолияти бонкӣ ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад”.

Як бонкдори тоҷик баъди шинос шудан бо ҳисоботи намояндагии Бонки “Тиҷорат” гуфт, "фаъолияти ин бонк дар се моҳи аввали имсол ҳарчанд камтар шудааст, аммо бонк ҳоло ҳам устувории худро нигоҳ дошта, корашро бо фоидаи ҷамъбаст кардааст." Дар гузориши намояндагии Бонки "Тиҷорат" ҳам омадааст, ки онҳо дар моҳҳои январ-марти имсол 807 ҳазор сомонӣ ($86 ҳазор) даромад гирифтанд.

"Маҳдудият ҷорӣ нашудааст"

Бонки “Тиҷорат”-и Эрон дар рӯйхатҳои таҳримҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Швейтсария қарор дорад. Дар пойгоҳи маълумотии Идораи назорати дороиҳои хориҷии Амрико (OFAC) суроғаи намояндагии бонк дар Душанбе низ зикр шудааст. Аммо дар рӯйхатҳои таҳрим намояндагии Бонки “Тиҷорат” дар Тоҷикистон ҳамчун шахси алоҳидаи ҳуқуқӣ номбар нашудааст.

Радиои Озодӣ дар номаи расмӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон пурсид, ки оё дар фаъолияти намояндагии Бонки "Тиҷорат" иҷрои таҳримҳоро назорат мекунад? Бонки миллӣ ба ин суол посухи дақиқ надода, танҳо навиштааст, “нисбат ба Филиали бонки “Тиҷорат” маҳдудиятҳои иловагӣ гузошта нашудааст”.

Дар посухи Бонки миллӣ ҳамчунин омадааст, ҳама бонкҳои кишвар вазифадор шудаанд, ки “муносибатҳои худро бо бонкҳои таҳти таҳрим қарордошта тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва бо назардошти хавфҳои алоқаманд” ба роҳ монанд.

“Нақши назаррас надорад”

Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳам коршиноси ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯянд, саҳми намояндагии Бонки “Тиҷорат” дар бозори бонкии Тоҷикистон “чандон назаррас нест”.

Ба иттилои Бонки миллӣ, намояндагии Бонки “Тиҷорат” “асосан дар амалиёти тиҷоратии байни корхонаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ва Тоҷикистон ҳамчун миёнаравии молиявӣ” фаъолият мекунад. Ин бонк ҳамчунин ҳаққи пешниҳоди қарзҳо, кушодани суратҳисоб ва дигар хизматрасониҳои бонкиро дорад.

Абдулло Аш=ров
Абдулло Аш=ров

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигори тоҷик, ки масоили иқтисодиро бозтоб медиҳад, гуфт, фаъолияти Бонки “Тиҷорат” бештар аз содирот вобаста аст ва “мо андак мебинем, ки ин бонк барои муштариён дар Тоҷикистон қарз диҳад ва ё аз онҳо амонат ҷалб кунад”.

Ба таъкиди Ашӯров, кам ё зиёд шудани дороиҳои ин бонк “марбут ба моликон ва саҳмдорони он аст ва барои бозори бонкӣ дар Тоҷикистон чандон таъсиргузор нест”.

Аз сӯи дигар Абдулло Ашӯров мегӯяд, ба далели назорати сахт аз болои бонкҳои эронӣ, бисёре аз ташкилоти қарзӣ дар додугирифт бо бонки эронӣ эҳтиёт мекунанд.

“Мо қазияи Конт бонкро доштем, ки матбуот онро ба Бобак Занҷонӣ, сармоядори эронӣ марбут медонистанд ва ин бонк зери таҳрими Вазорати хазонадории Амрико қарор гирифт. Ин бонк сипас табдили ном кард ва муҷаввизи фаъолият гирифт. Пас аз ин ҳодиса Тоҷикистон бо бонкҳое, ки бо Эрон робита доранд ё моликони он шаҳрвандони Эрон ҳастанд, хеле эҳтиёткорона амал мекунад”, - афзуд Абдулло Ашӯров.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Даромади бонки эронӣ дар Тоҷикистон кам шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG