Ҳукумати Тоҷикистон дар маҷлисе поин овардани фоизи қарзи бонкҳоро баррасӣ кардааст, вале бонкдорон мегӯянд, то 23 дар сад қарз додан ба муштариён воқеияти рӯз аст.
Умед Тирандозов, сокини шаҳри Душанбе аз як бонк бештар аз 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифта мошин харидааст, то аз роҳи таксиронӣ зиндагияшро пеш барад. Баҳра ё фоизи қарзи бонкияш 23 дарсада буда, ба назари ӯ, дар шароити феълӣ баргардонидани ин қарз бо фоизҳояш осон нест.
Тарс аз қарз
Ӯ гуфт, аз ҳеч бонке бо фоизи поинтар қарз гирифта натавонист ва ҳоло ба сахтӣ пули бонкро бармегардонад.
Умед мегӯяд, муштариёни бонкҳо ҳамеша дар ҳолати тарс қарор доранд, зеро агар қарзро сари вақт напардозанд, гарави гузошта, мисли хонаву мошинашонро аз даст медиҳанд.
Ӯ мошинашро дар гарав гузоштааст.
Видеоро инҷо бинед:
Шикоят аз баланд будани фоиз ё дарсади қарзҳои бонкӣ, на танҳо барои таксиронҳо, балки аз забони соҳибкорону кишоварзон ҳам дар гузашта борҳо садо додааст.
Баҳра ё фоизи қарзҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки нахостанд мавзуъро шарҳ диҳанд, вобаста ба муҳлати баргардонидан, шарту шароити дарёфти он, собиқаи қарзгирии муштарӣ гуногун аст.
Ба гунаи мисол, агар муштарӣ 100 ҳазор сомонӣ қарзи бонкиро бо 23 дарсади солона ба муҳлати чаҳор сол гирад, дар ин муддат 92 ҳазор сомонӣ, тақрибан баробар ба ҳаҷми қарзи гирифтааш бояд баҳраи бонкро пардозад.
Баҳси фоизҳои баланд дар ҷаласаи ҳукумат
Масъалаи поин овардани дарсади қарзҳои бонкӣ 29-уми апрел дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон садо дод. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба коҳиши баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ дастур дода, таъкид кард, ки барои паст намудани дарсади қарзҳо ва дароз намудани муҳлати он чораандешӣ шавад.
Абдулло Ашуров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, иҷрои ин талаб барои Тоҷикистон осон нест.
"Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон маблағҳои дарозмуддат мисли ширкатҳои суғурта, ширкатҳои нафақаи хусусӣ, ки миллиардҳо долларе дошта бошанд, ки мардум онро барои 20 сол 30 сол сармоягузорӣ кардааст, чунин маблағҳои дарозмуддат вуҷуд надорад, бинобар ин бисёри маблағҳо кутоҳмуддатанд, бино бар ин бонк мехоҳад дар муддати кутоҳ нисбатан бо фоизи баланд онро бидиҳанд ва албатта, ин сарборӣ мешавад сари мизоҷон",-афзуд Абдулло Ашуров.
Иқтисоддон Уктам Ҷумаев мегӯяд, поин овардани фоиз ё дарсади қарзҳои бонкӣ аз омилҳои гуногун, аз қабили вазъи иқтисодии кишвар, кори корхонаҳо, рақобату шаффофият дар низоми бонкӣ ва меъёри бозтамвил, ки бар асоси он Бонки миллӣ ба дигар бонкҳо қарз медиҳад, бастагӣ дорад.
Ӯ гуфт: “Он чизе ки баён шудааст, ин додани қарз, на барои истеъмолот, на барои системаи хизматрасонӣ, балки барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, истеҳсолоту татбиқи технологияву дигар чизҳо ҳаст. Вайҳо ҳақиқтан ба қарзҳои дарозмуддат ниёз доранд. Вале дар он соҳаҳо хавфҳо зиёдтаранд, аз сабаби он ки корхонаҳо на ҳамеша устувор кору фаъолият мекунанд. Барои ҳамин яке аз хавфи асосӣ ин набудани низоми таъминоти гарав, набудани системаи суғурта кардани ҳамин хавфҳо ҳаст, ки ҳамчун элемент ҳатман бояд татбиқ карда шаванд”.
30 миллиард қарз ба сокинон
Оморҳои расмӣ низ нишон медиҳанд, ки қарзҳои бонкӣ бештар, на ба бахшҳои истеҳсол, балки ба истеъмол рост меоянд. Аз ҳаҷми умумии қарзҳое, ки соли сипаришуда ба муштариён дода шудааст, зиёда аз 40 дарсадашро бахшҳои истеъмол, каме бештар аз 27 дарсадро соҳибкории истеҳсолӣ ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ба назари иқтисоддон Уктам Ҷумаев, дарёфти қарзҳои бонкӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ барои рушди иқтисоди кишвар муҳиманд.
Меъёри бозтамвил, ки поину боло рафтани он ба дарсади қарзҳо таъсир мегузорад, ҳоло 7 дарсад аст. Дар ду соли пеш ин меъёр 10 дарсадро ташкил медод. Намояндагони Бонки миллӣ то замони таҳияи гузориш мавзуъро шарҳ надоданд. Фирдавс Толибзода, раис Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии соли гузаштааш чунин посух дода буд: “Бонк ҳангоми ҳисоб кардани фоиз хавфро ба инобат мегирад. Ин як масъала ва масъалаи дигар хароҷотҳое вобаста ба масъалаи қарздиҳӣ, хавфи қарздиҳӣ ҳаст. Агар, ки бонк қарз диҳад, бо назардошти оне, ки 50 фоизи қарз барнамегардад, бепул диҳад ҳамин қарзро? Тамоюли зиёда аз 36 фоиз будани қарзҳо, ҳисоби қарзи миёна буд. Солҳои 2017 сар карда тамоюли пастшавӣ доранд”.
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта ҳаҷми қарзҳои додашуда 30 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш 22, 1 дарсад зиёд будааст. Ҳарчанд раҳбари Бонки миллӣ аз раванди поин рафтани дарсади қарзҳо, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ суҳбат мекунад, зиёд будани баҳраи қарзҳои бонкӣ ва мушкили дастрасӣ ба онҳо ҳамеша мояи нигаронии муштариёну корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Маълум нест вазъ дар солҳои наздик то куҷо тағйир мекунад ва мақомот низ чӣ дурнамоеро рӯй даст гирифтааст.
Гуфтугӯ