Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидор бо азизон ва як даста гул. Рухшона Ҳакимова дар маҳбас 33-сола шуд

Шукрона, духтари хурдии Рухшона Ҳакимова, акси модар дар даст.
Шукрона, духтари хурдии Рухшона Ҳакимова, акси модар дар даст.

Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик рӯзи 10-уми сентябр дар зиндон 33-сола шуд ва ин рӯзро дар ҳалқаи шавҳару фарзандон ва падару модараш ҷашн гирифт. Яке аз наздиконаш имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳли хонавода барои ӯ як даста гули садбарг ҳадя бурданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова модари ду фарзанди хурдсол ва хабарнигори таҳқиқгарро моҳи феврали соли 2025 дар доираи парвандаи чеҳраҳои маъруф, ки чун “талоши табаддулот” ҳам ёд мешавад, ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Ӯро дар баробари дигар сиёсатмадорон ва мансабдорони собиқи тоҷик, ба “хиёнат ба давлат” гунаҳкор донистанд, агарчӣ худаш гуфтааст, ки ҳеч гуноҳе накардааст ва иттиҳомот беасос аст.

Дидор бо азизон ва як даста гул. Рухшона Ҳакимова дар маҳбас 33-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Бар асоси Қонуни афв, ки имсол қабул шуд, ҳукми зиндони ӯро се сол кам кардаанд ва ба қавли яке аз наздиконаш, “се солу чор моҳи дигараш мондааст”. Ба муносибати зодрӯзи Рухшона, ҳамсар ва духтараш Шаҳнура се рӯз бо ӯ дар маҳбас будаанд. Фарзанди калонии Рухшона чаҳоруним ва хурдиаш дуввуним сол дорад. Бар асоси қонун, аъзои хонавода ҳақ доранд, дар муддати 40 рӯз як дафъа ва то се рӯз дар хонаи алоҳидае бо зиндонӣ бимонанд.

Ба саволи ин ки ӯ чӣ ҳол дорад, мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, “хуб аст”, “шикояте надорад, фақат мехоҳад, зудтар озод шавад”. Рухшона Ҳакимова дар зиндони занонаи Норак ба дигар зиндониён дарси забони англисӣ медиҳад, корҳоеро, ки вобаста ба донишу пешааш ҳаст, мисли кор бо компютер, анҷом медиҳад ва дар ҳаёти ҷамъиятии маҳбас ширкат мекунад.

Рухшона Ҳакимова ҳеч гоҳ иттиҳомро напазируфтааст. Додгоҳи олӣ ҳам муроҷиатҳои зиёд ва дархости зиёда аз 100 бонуи тоҷик ва созмонҳои байнулмилалиро барои ба назар гирифтани фарзанди ширхораи ӯ ба эътибор нагирифт. Дар зодрӯзаш бисёр ҳамкасбон дар шабакаи иҷтимоӣ Рухшона Ҳакимоваро табрик карда, ба ӯ озодиву зиндагии осударо таманно кардаанд.

Ҳарчанд тафтиши парвандаву мурофиаи додгоҳии ӯ ва камаш ҳашт нафари дигар пӯшида гузашт, бархе хабарнигорон гуфтанд, Рухшона Ҳакимоваро барои пурсише дар бораи ҳузури афзояндаи Чин дар Тоҷикистон ҷазо додаанд.

Давоми чор соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз даҳ хабарнигору блогери тоҷик, аз ҷумла Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Аз инҳо ду нафарашон Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромаданд. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва дигар созмонҳои ҳомии озодии баён парвандаҳои онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида гуфтаанд, ки ҳукумат аз ин хабарнигорон барои интиқод аз сиёсатҳо ва амалкардҳои ҳукумату мансабдорон ва иҷрои вазифаи худ, интиқом гирифта, паси панҷара андохтаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG