Раҳпаймоӣ пас аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тянтзин сурат гирифт, ки дар он Си Ҷинпин талоши худро барои тағйири низоми феълии ҷаҳон намоиш дод.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз охири ҳафтаи гузашта дар Пекин қарор доранд, ба қавли як сиёсатшинос бинобар ӯҳдадориҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар баробари Чин наметавонистанд, пеш аз тамошои раҳпаймоӣ кишварро тарк кунанд.
Раҳпаймоии низомии Чинро расонаҳо, «бошукӯҳ, азимтарин дар ҷаҳон» ва «дақиқ барномарезишуда» номидаанд. Раҳпаймоӣ дар майдони Тянанмен ва ба муносибати 80-умин солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва таслим шудани Ҷопон рӯзи 3-уми сентябр сурат гирифт. Дар он навтарин аслиҳа, аз ҷумла мушакҳои фаросавтӣ, паҳподҳои осмонӣ ва ҳатто зериобиро ҳам намоиш доданд.
Офаридаҳои мутахассисони низомии Чин таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониёнро ба худ кашид. Барои тамошоми раҳпаймоӣ, раҳбарони кишварҳои шарики Чин, аз ҷумла Русия, Белорус, Кореяи Шимолӣ, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон даъват шуда буданд, ки дар аксҳои муштарак дар сафи пеш меистод.
Ҳамаи онҳо охири ҳафтаи гузашта барои ширкат ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай даъват шуда буданд, ки онро як талоши Чин барои намоиши тағйир дар низоми ҷаҳонӣ хондаанд.
Досим Сатпаев, таҳлилгари қазоқ дар ин бора мегӯяд: «Тамоми раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омадаанд, хуб медонанд, ки раҳпаймоии низомӣ, як унсури муҳим аст, ки аз назари уҳдадориҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар баробари Чин набояд онро аз даст бидиҳанд. Раҳпаймоӣ барои Си Ҷинпин, як ҳалқаи асосӣ дар силсилаи мулоқотҳое буд, ки анҷом дод. Ӯ бояд қудрати низомии Чинро нишон медод ва дар замони талотумҳои геополитикӣ ва ҳарҷу марҷ мо медонем, ки қудрати низомӣ унсури асосӣ ба ҳисоб меравад. Раҳпаймоӣ бояд ба шарикону рақибон нишон медод, ки Чин як абарқудрати низомӣ аст.»
Дипломатияи Чин ба кадом самт равона аст?
Дипломатияи Пекин дар солҳои ахир ин аст, ки аз худ симои як «кишвари бузурге»-ро нишон бидиҳад, ки ба «тақдири ягонаи тамоми инсоният» таъкид мекунад. Замоне, ки ҷаҳон бесубот шудааст ва ҳарҷу марҷ дар он аз ҷумла ба сабаби таъруфаҳои ҷорикардаи Амрико идома дорад, Чин мехоҳад, худро як кишвари масъулу устувор ва бахусус ҳалқаи асосӣ дар меҳвари зиддиғарбӣ нишон бидиҳад. Замоне, ки раиси ҷумҳури Амрико ҷанги таъруфаӣ пеш мебарад, кишварро аз паймони мубориза бо гармоиши курраи Замин берун кард, Пекин ҳамчунон ба мубориза бо тағйири иқлим таъкид мекунад. Ши Ҷинпин дар ин бора нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гуфт: «Мо бояд ба андешаи замони Ҷанги Сард мухолифат кунем, монеи муқобилсозӣ ва усулҳои тарсонидан шавем.»
Чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон ба созмони мазкур шомил мешаванд, ба истиснои Туркманистон, ки худро кишвари бетараф эълон кардааст. Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, ки Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро «бисёр эҳтиром мекунад» ва ба «нақши созандаи он дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми бузурги он дар барқарории як назми одилона ва ботавозун дар системаи муосири ҷаҳонӣ» баҳои бисёр баланд медиҳад.
Досим Сатпаев, таҳлилгари қазоқ мегӯяд: «Чин дар нишасти сарон саъй кард нишон бидиҳад, ки як маркази қавии низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва навоварӣ аст, ки бояд ҳамсоягону шарикон дар атрофи он ҳарчӣ бештар муттаҳид шаванд.” Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ибтидо бо ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд ва табодули мол миёни кишварҳои минтақа бо Чин соли 2024 ба 95 миллиард доллар расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2023-ум 5 дар сад бештар аст.
Чин яке аз сармоягузорони асосӣ дар минтақа аст, ки барои истихроҷи маъданҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон пули зиёде харҷ кардааст. Пекин ҳамчунин бо барномаи “Як камарбанд, як роҳ” роҳҳои иртиботии зиёдеро месозад, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то ба Аврупо ҳам мерасанд.
Аз ҷумла дар сохтмони яке аз роҳҳои оҳане саҳм дорад, ки аз Қирғизистон шуруъ шуда, ба Узбекистон мепайвандад ва сипас аз тариқи Қазоқистон ба Баҳри Хазар мерасад ва имкон медиҳад, молу маҳсулоти чинӣ то ба Аврупо бирасанд. Осиёи Марказӣ барои Чин аз ду назар бисёр муҳим аст, аввал амният ва сипас ҳамкориҳои иқтисодӣ. Минтақа аз назари икмолотӣ ва роҳҳо муҳим аст. Чин аз Осиёи Марказӣ ашёи хом мегирад ва на танҳо нафту газ, балки металҳои нодир, ки ҳоло талабот дар ҷаҳон ба он бисёр зиёд аст.
Русия акнун чӣ кор мекунад?
Ба назари доираҳои коршиносӣ, Русия, ки ҳамеша Осиёи Марказиро минтақаи зери нуфузи худ мешуморад, дар шароити феълӣ маҷбур аст, ки нақши дуввумдараҷаро интихоб кунад. Баёнияи муштараки Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баёнгари ин гуфт аст. Дар он ҳеч ишорае ба ҷанги Украина нашуд, агарчӣ Владимир Путин зимни суханрониаш дар бораи ин ҷанг гуфт ва саъй кард, гуноҳро ба гардани кишварҳои ғарбӣ бизанад. Ӯ гуфт, ҳамла ба Украина талоши Ғарб барои ҷалби Украина ба НАТО ва сарнагун кардани раиси ҷумҳури Русиягарои Украина дар соли 2014 буд.
Таҳлилгар Руслан Айсин дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: “Путин бо даст кашидан аз Ғарб дарҳои худро ба рӯи Чин боз кард. Аз ин рӯ аз назари иқтисодӣ, Чин метавонад, хӯҷаинӣ, фармонфармоӣ кунад ва шартҳои худро бигузорад. Пештар Владимир Путин метавонист, тавозуне байни Аврупо, Амрико, Ҳинд ва Чин пайдо кунад, ҳоло ин корро карда наметавонад, зеро пойбанди Чин шудааст.” Чин ҳам бе ягон монеа ба қаламрави Осиёи Марказӣ ворид мешавад, пулу сармоя ва моли худро пешниҳод мекунад. Аз дасти Русия ҳам ҳеч коре намеояд, зеро дар минтақа ягон бозии ҷиддии сиёсӣ ҳам надорад.
Ба гуфтаи Досим Сатпаев вазъ чунин шудааст, ки Русия аз назари воридоти молу маҳсулоти кишварҳои ғарбӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳтоҷ шудааст ва ашёи хоми худро ҳам аз тариқи кишварҳои минтақа ба Чин мефурӯшад. Айни замон пойбандии Осиёи Марказӣ аз Русия ҳам кам нашудааст ва рақобати геополитикӣ барои кишварҳои минтақа авҷ гирифтааст. Чину Амрикову Русия ва Иттиҳоди Аврупо ҳама бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ нишастҳои муштарак дар доираи 5+1 доир карда, хостори тақвияти ҳамкориҳо шудаанд.
Таҳлилгари қазоқ мегӯяд: “ Мо имкони ҳамкорӣ бо бозигарони муҳимро пайдо кардем, вале аз тарафи дигар бояд донист, ки агар мухолифати Русия ва Ғарб ва Ғарбу Чин афзоиш ёбад, майдони ҳаракат барои Осиёи Марказӣ танг мешавад. Агар муқобилаи онҳо сахттар шавад, Чин шарти сахтеро пеши кишварҳои минтақа мегузорад, ки бачаҳо шумо бо кӣ ҳастед? Дер ё зуд метавонад вазъе пеш ояд, ки Осиёи Марказиро маҷбур мекунанд, ба меҳвари зиддиғарбӣ Чин, Русия, Эрон, Куриёи Шимолӣ ва дигар кишварҳое шомил шаванд, ки эътилофи зиддиғарбиро барои дарозмуддат таъсис медиҳанд. Ин як гузинаи хубе барои Осиёи Марказӣ нест, чун имконоти ҳамкорӣ бо бозигарони гуногун кам мешавад ва сиёсати бисёрқутбӣ ҳам аз байн меравад.