Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Чин ва 4 нуқтаи дигар, ки бояд дар нишасти СҲШ ба он таваҷҷуҳ кард


Нишасти имсолаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай бори дигар саҳнае аст барои намоиши иттиҳоди Пекин ва Маскав дар баробари Ғарб ва фурсате барои раҳбарони Авруосиё, то дар бораи амнияти минтақа, тиҷорат ва ояндаи назми ҷаҳонӣ гуфтугӯ кунанд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд ва дигар раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар як нишасти дурӯза дар Чин ширкат мекунанд, ки дар он Си Ҷинпин ният дорад дидгоҳҳои худро дар бораи як низоми ҷаҳонии ҷойгузин, рӯшан кунад.

Беш аз 20 раҳбар дар шаҳри бандарии Тянҷин дар шимоли Чин рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр дар ҳоле ҷамъ меоянд, ки Чин мизбони нишасти ин созмон барои баррасии масъалаҳои амият ва тиҷорат дар пасманзари афзоиши таниш бо Ғарб аст.

Ин нишаст ҳамчунин фурсате барои Чин аст, то худро ба унвони раҳбари ҷануби ҷаҳон муаррифӣ карда, ва дар айни ҳол яке аз бузургтарин созмонҳои минтақаии ҷаҳонро, ки ҳудуди аз чор як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ва тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, гирди ҳам оварад.

Нигоҳе ба мавзуъҳои имсолаи ин нишаст:

1.Қисмати дигаре аз "Намоиши Путин ва Си Ҷинпин"

Пас аз мавҷе аз талошҳои дипломатӣ перомуни ҷанги Украина, аз ҷумла, нишасти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳоло ҳама нигоҳҳо ба дидори Путин ва раҳбари Чин дӯхта шудааст.

Темур Умаров, корманди Маркази Авруосиёи Карнеги дар Берлин ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "СҲШ як навъе ба як намоиши Путин-Сӣ табдил шудааст. Мавзуи камтар худи нишаст аст ва бештар мулоқотҳои ҳошиявӣ аҳамият доранд".

Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар ҳоли ҳозир 10 узви комилҳуқуқ ва 14 шарики гуфтугӯ дорад. Муғулистон ва Афғонистон дар ин созмон кишварҳои нозир ҳастанд.

Ҳам Пекин ва ҳам Маскав Созмони ҳамкориҳои Шанхайро, ки Белорус, Чин, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд, ҳамчун абзор ё василае барои мухолифат бо ниҳодҳои таҳти раҳбарии Ғарб мешуморанд.

Путин ҳамчунин нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба як сафари расмии густурдатар ба Чин табдил хоҳад кард ва рӯзи 3 сентябр дар як паради низомӣ дар Пекин бахшида ба поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, ширкат хоҳад намуд.

2.Моди дар Ҳинд ба Шарқ менигарад.

Сафари нахуствазири Ҳинд аввалин сафари ӯ ба Чин дар беш аз ҳафт соли гузашта аст ва дар ҳоле анҷом мешавад, ки Пекин ва Деҳлӣ пас аз даргириҳои марзии хунин дар соли 2020, дар талоши коҳиши танишҳо ҳастанд.

Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар авоили моҳи ҷорӣ сафаре ба Деҳлӣ дошт ва дунболи он буд, ки аз сардии робитаҳои ИМА ва Ҳинд, ки дар пайи ҷорӣ кардани таърифаҳои Амрико ва дархостҳои Трамп аз Ҳинд, як муштарии асосии нафти Русия, барои маҳдуд кардани хариди он ба вуҷуд омад, истифода барад.

Мулоқоти Нарендра Моди ва Си Ҷинпин метавонад ба коҳиши таниши марзӣ аз тариқи хуруҷи нерӯҳо ва бекор кардани бархе маҳдудиятҳои тиҷорӣ ва виза, мусоидат кунад.

Сафорати Русия дар Деҳлӣ низ ҳафтаи гузашта эълон кард, ки умедвор аст гуфтугӯҳои сеҷониба байни Моди, Путин ва Си, сурат бигирад.

3. Осиёи Миёна ва Чину Русия

Ҳангоме, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2001 таъсис шуд, асосан як ташаббуси Чин буд, ки барои ҳамкориҳо бо Осиёи Миёна тарҳрезӣ шуда буд ва дар айни ҳол, ки талош мекард ба ҳассосиятҳои Маскав дар мавриди нуфузи рӯ ба рушди Пекин дар минтақа, эҳтиром бигузорад.

Лука Ансесчӣ, устоди мутолеоти Авруосиё дар Донишгоҳи Глазко дар Бритониё ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Чин ва Русия ҳам ҳамкор ва ҳам рақиб ҳастанд. Аммо ҳамон тавр, ки дар Осиёи Миёна мебинем, онҳо назар ба рақобат, бештар ҳамкорӣ мекунанд".

Ин амр мумкин аст барои кишварҳои Осиёи Миёна мушкилот ва печидагиҳои нав эҷод кунад, зерои онҳо мекӯшанд дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай байни Пекин ва Маскав музовинатро нигаҳ доранд, то ба онҳо аз ҳад зиёд вобаста нашаванд. Айни замон ин метавонад фурсатҳои наверо барои ин ҳукуматҳои худкома ба миён биорад.

Ансесчӣ гуфт, "дар минтақа маҷмуаи муштарак аз арзишҳои авторитарӣ дар ҳоли зуҳур аст, ки мумкин аст идомаи ҳукмрониро барои режимҳои Осиёи Марказӣ осонтар кунад".

4. Оё густариши бештар дар роҳ аст?

Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли гузашта бо пайвастани Белорус ба ин созмон, густариш ёфт. Пеш аз ин, Эрон дар соли 2023 ба узвияти ин созмон даромад ва Ҳинду Покистон дар соли 2017 ба он пайвастанд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай илова бар 10 узви комилҳуқуқ, 2 кишвари нозир ва 14 шарики гуфтугӯ низ дорад.

Дар ҳоле, ки густариши бештар дар назар нест, таваҷҷуҳи махсус ба Озарбойҷон ва Арманистон дода мешавад. Ин рақибони минтақавӣ дар ҳар ҳоли ҳозир шарикони гуфтугӯ ҳастанд ва аз замони охирини нишасти СҲШ, барои узвияти комил дархост додаанд.

5.СҲШ дар ҷустуҷӯи ҳувият

Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба маҳалли рамзӣ ё намодин барои раҳбарон ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ва таъсиргузорӣ бар мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоии берун аз низомии ҷаҳонии ғарбӣ, табдил шудааст.

Бо ин ҳол, ихтилофҳои дохилӣ ҳамчунон як нуқтаи заъф боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, дар нишасти вазирони дифои ин созмон дар моҳи июни соли ҷорӣ, Ҳинд аз пайвастан ба баёнияе, ки ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум мекард, худдорӣ кард. Деҳлӣ гуфт, ин амр ба он сабаб аст, ки баёния ҳеч ишорае ба ҳамлаҳои маргбори рӯзи 22 апрел ба сайёҳони ҳиндӣ дар Кашмири Ҳинд, ки боиси ҷанг байни Ҳинд ва Покистон шуд, накардааст.

Юнус Шарифли, як узви ғайримуқими тарҳи China Global South Project ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки "бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Чин, Ҳинд ва Русия ҳама таҳти фишори рӯ ба афзоиши Амрико қарор доранд, ин нишаст озмуне хоҳад буд, ки оё Созмони ҳамкориҳои Шанхай метавонад ба унвони як созмони муттаҳид амал кунад ё инки ҳамчунон як платформаи пароканда ва асосан бар пояи манфиатҳои миллӣ боқӣ хоҳанд монд?

  • Акси 16x9

    Рид Стэндиш

    Рид Стэндиш рӯзноманигорест, ки масъалаҳои Русия ва АвруОсиёро бозтоб медиҳад. Вай пештар барои маҷаллаи Foreign Policy дар Маскав кор мекард ва борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG