Агарчӣ сиёсатмадорон дар Қазоқистон ҳар сол эъломияи молиёт ё андоз месупоранд, аммо онро ба мардуми одӣ нишон намедиҳанд. Аз имсол вазъ бояд дигар шавад. Вазорати молия гуфтааст, мардум аз ин пас хоҳанд донист, ки вазирон чӣ қадар даромаду сарват доранд.
"Дар эъломия музди кор нишон дода намешавад, зеро Вазорати молия ва Кумитаи даромадҳои давлатӣ онро мебинанд ва пур кардани он қисмати эъломия шарт нест. Дар эъломия фақат муомилоти пулиро нишон медиҳанд," – гуфтааст Мадӣ Тоқиев, вазири молияи Қазоқистон.
Ба гуфтаи Тоқиев, иттилооти солҳои пешро дар эъломияҳо нишон нахоҳанд дод. Яъне, фақат вазъи моливу дороиҳои ҳозираи мансабдоронро нишон медиҳанд ва солҳои баъд метавон дид, ки сарвати онҳо кам шудааст ё зиёд.
Серик Жумангарин, муовини сарвазири Қазоқистон, мегӯяд, "ба фикрам, шумо кайҳост, медонед, музди мо чӣ қадар аст. Ба ин пурсишҳои шумо борҳо ҷавоб додаанд. Идораи кадрҳои вазорат эъломияҳои сиёсатмадорони давлатиро нашр мекунад. Ҳар чизе, ки мо соли гузашта харидем, аз ҷумла моликият, авроқи гаронбаҳо ва ғайра нишон дода мешаванд. Сарчашмаҳои даромад ҳам."
Барои нишон додани даромад мансабдорон чанд моҳи дигар доранд, ба шарте ки иҷрои ин қарорро ба таъхир наандозанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми одии Қазоқистон ба ин ҳама шубҳа доранд, чун мегӯянд иттилооти чандоне нашр намешавад.
Яке аз корбарон аз ҷумла гуфтааст, ки чунон мекунанд, "мансабдорон аз ҳама фақиртар ба назар мерасанд." Ё ба ақидаи корбари дигар, вебсайти Вазорати молия аз вазни иттилоъ дар бораи сарвати як хонавода дарҳам мешиканад.
Нишон додани эъломияи молиёти мансабдорон бахше аз барномаи умумии нашри эъломияҳои андоз дар Қазоқистон аст, ки ҳадафи онро мубориза бо иқтисоди пасипардагӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ номидаанд. Бар асоси он барнома, ҳама бояд эъломияи андоз супорад ва дар ин миён эъломияҳои мансабдорони давлатиро ҳама дида тавонанд.
Зоҳиран чунин намешавад, зеро гурӯҳе аз кормандони давлат ҳақ доштаанд, эъломияву даромадҳои худро аз чашми мардум пинҳон доранд, аз ҷумла раисҷумҳур, раисони порлумон ва раҳбарони сохторҳои интизомӣ, яъне аз Кумитаи амнияти миллӣ то ба Додситонии кулли Қазоқистон.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: