Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Вазирон дар назди мардум эҳсоси масъулият кунанд". ВИДЕО, САДО


Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. Рӯзи 28-уми апрели 2017
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. Рӯзи 28-уми апрели 2017

Таъини ҷавобгарӣ барои вазирону раҳбарони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми шикастани савганд ба номи раиси ҷумҳур бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Агар бархе аз ин тасмим ҷонибдорӣ карда, онро барои шаффофияти кори аъзои ҳукумат муҳим донистанд, баъзеи дигар гуфтанд, ки беҳтар аст онҳо дар назди мардум эҳсоси масъулият кунанд.

Гузориши видеоӣ аз порлумон:

Мақомдорони тоҷик барои амали хилофи савганд ҷазо хоҳанд гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Тағйирот ба қонун дар шароите сурат мегирад, ки як моҳи охир матбуот дар бораи боздоштҳои ходимони собиқи Оҷонсии зиддифасод бо гумони даст доштан дар ришвату фасод хабар пахш мекунанд.

"На монархия, балки ҷумҳурӣ"

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил, рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мардум муайянкунандаи сатҳу сифати кори ҳукумат аст. Барои фаъолияти шаффоф ва дарки масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бояд интихобот дар Тоҷикистон озоду боадолатона бошад, бисёрҳизбӣ ва рақобати ҳизбӣ ба назар расад, озодии баён ва фаъолияти озоди нашрияҳо таъмин шавад ва ҳокимияти иҷроияву системаи додгоҳӣ таҳти назорати ҷиддии порлумон қарор гирад. Таҷрибаи солҳои ахир нишон медиҳад, ки савганд ёд кардан ба президент ба беҳбуди фаъолияти аъзои ҳукумат мунҷар нашуд."

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳакимов мегӯяд, низоми давлатдории Тоҷикистон дар Конститутсия "на монархия, балки ҷумҳурӣ унвон шудааст ва аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад мебуд, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлат на ба президент, балки ба халқ ё ватан савганд ёд мекарданд. Заминаи ҳуқуқии ин гуфтаҳо аз моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ шудааст."

Таъини ҷазои барои вазироне, ки савганд мешикананд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Линки мустақим

"Агар қасам шикананд..."

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 17-уми май бо ислоҳи қонуни конститутсионӣ дар бораи ҳукумат гуфтанд, ки аз ин ба баъд вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ барои шикастани савгандашон ба раиси ҷумҳур ба ҷавобгарии интизомӣ кашида хоҳанд шуд. Амрихудои Дамдор, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, гуфт, “тағйирот ҷузъе аз 41 ислоҳи Конститутсияи кишвар аст, ки рӯзи 22-юми майи соли гузашта аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардид.”

Порлумони Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон

Бар асоси ин тағйирот, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ барои садоқат ба президент ва вакилони порлумон ба мардуми Тоҷикистон, савганд ёд мекунанд. Амрихудои Дамдор гуфт, "агар аъзои ҳукумат савганд ба президентро вайрон кунанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Ин ҷавобгарии интизомӣ буда ва намудҳои ҷазо дар Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ мушаххас хоҳад шуд."

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2005 ҳамаи хизматчиёни давлатиро вазифадор карда буд, ки ҳар сол даромад ва дороии худро эълон кунанд.

Эъломияи дороии худу хонавода

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад. Коршиносон қаблан гуфта буданд, ки ҷорӣ кардани муқаррароти қасамёдкунӣ гӯё ба маънои болотар аз қонун будани ваъдаи мақомдор ба хизмати содиқона дар пеши раҳбари давлат аст.

Ҳамчунин, дар иҷлосияи рӯзи 17-уми май вакилони порлумон ба моддаи 11-и Қонун “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйироти дигар ворид карданд. Тибқи ин тағйирот, аъзои ҳукумат муваззаф шуданд, ки дар эъломия амволу дороиҳои хонаводаи худро низ зикр кунанд. Қаблан ҳар аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ ҳамасола дар бораи даромади молу амвол эъломия пешниҳод мекарданд. Ҳамакнун на танҳо аъзои ҳукумат, балки даромади аҳли хонаводаи онҳо, яъне, ҳамсар, фарзандон ва пайвандоне, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ карда ва кор мекунанд, дар эъломия зикр хоҳад шуд.

"Аммо ин тавр нашуд"

Дар иҷлосия таъкид шуд, ки тарзи таҳия ва пешниҳоди эъломия дар Кодекси андоз ва қонун дар бораи коррупсия мушаххас шуда ва онро ҳар ниҳоди давлатӣ, ки ба он пешниҳод мешавад, ҳуқуқ дорад тафтиш кунад. Ҳадаф аз ин тағйирот, баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ ва пешгирӣ аз коррупсия дар сохторҳои давлатӣ унвон гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз якуми августи соли 2005 ҳамаи хизматчиёни давлатиро вазифадор карда буд, ки ҳар сол даромад ва дороии худро эълон кунанд. Чанд сол пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёме аз ҳамаи мансабдорони давлат хоста буд, даромади солонаи худро ошкор намоянд. Ин даъват бисёриҳоро умедвор карда буд, ки вазирону раисон ва вакилону сардорон бо эъломи моликияти худ ба шаффофияти фаъолияти хеш таъкид хоҳанд кард. Аммо ин тавр нашуд.

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, 7 корманди масъули Оҷонсӣ боздошт шуда, масъулони дигар мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Дар пасманзари хабари боздошти кормандони Оҷонсӣ

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо шумули Русия, Украина ва Қирғизистон ҳамсола эъломияи дороӣ ва молу мулки мансабдорон дар моҳи апрел нашр мешавад. Дар заминаи ин маълумот мақомоти қудратии ин кишварҳо аз пайи ҷустӯҷӯи манбаи бархе аз сарватҳои ҳангуфти мансабдорон низ мешаванд.

Тағйирот ба қонун дар заминаи масъулиятҳои мақомдорони давлатӣ дар шароите мегузарад, ки як моҳи охир матбуот дар бораи боздоштҳои ходимони собиқи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар ришвату фасод хабарҳо пахш мекунанд. То ҳанӯз мақомоти давлатӣ ин қазияҳоро расман шарҳ надодаанд, вале аз рӯи иттилои дарёфтӣ, 7 корманди масъули ин сохтор боздошт шуда, масъулони дигар мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG