Беш аз нисфи сокинони ноҳияи Темурмалик дар вилояти Хатлон аз нарасидани оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд. Бошандагони ин ноҳия кӯшиш мекунанд аз ҳар роҳе, азҷумла кандани чоҳ худро бо об таъмин кунанд. Мақомот мегӯянд, баъзе талошҳо барои ҳалли ин мушкил ноком мондааст.
Муъмин, як сокини ноҳияи Темурмалик барои захираи об чоҳи бетонӣ кандааст. Ингуна чоҳҳоро тақрибан ҳамаи сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Темурмалик доранд. Ҳар тобистон ночор об мехаранду онҳоро пур мекунанд. Зимистон оби боронро дар ин зарфҳо ҷамъ ва истифода мекунанд.
Ҳамсуҳбати мо Мӯъмин мегӯяд, дар фасли тобистон як мошин обро то 100 сомонӣ мехаранд. “Дар зимистон бошад, аз болои хона дуруст кардагӣ ҳастем, оби борон омада рост ба даруни ҳамин чоҳ мерезад ва ҷамъ мешавад.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Сокинони деҳоте, ки ба кӯлу дарёҳо наздиканд, бо хару ароба об мекашанд. Аз ҷумла сокинони деҳаи Нурафшон ҳамин корро мекунанд. Рӯзона то се ё чор бор аз рӯдхонаи Сурхоб ба хонаҳояшон об мебаранд. Мақомоти Темурмалик мегӯянд, ки талош доранд, мушкили беобии мардумро ҳал кунанд.
Шералӣ Ҳасандзода, раиси ноҳияи Темурмалик дар нишасти хабарӣ гуфт, корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
"Сарфи назар аз ҳамин ду-се насосҳои барқӣ 200 киловата харида насб кардем. Аз ҳама мушкил ин деҳаи Чорубқул аст, ки дар онҷо насосҳоро васл кардем, аммо мутассифона бо фишори баланд баъзе қубурҳо кафиданд. Маблағ лозим аст, ки онро иваз кунем, то мушкил ҳал шавад,"-афзуд раиси ноҳия.
Ноҳияи Темурмалик дар ҷануби Тоҷикистон, аз ноҳияи дурдасти кӯҳистонӣ аст. Кӯлу дарё кам дорад ва аз ҳамин сабаб 60 дарсади сокинонаш аз оби ошомидани танқисӣ мекашидаанд.
Фақат шаҳраки Темурмалик 95 дарсад бо оби ошомиданӣ таъмин аст. Раиси ноҳия гуфт, ки корҳои обкашӣ дар шаҳрак идома дорад. Ба қавли ӯ , аз президент ваъда гирифтаанд ва бовар доранд, ки солҳои наздик сокинони Темурмалик пурра бо оби ошомидани таъмин мешаванд. Кай ин гуфта иҷро мешавад, маълум нест, вале сокинон ҳоло ба умеди касе нестанд ва худашон, аз ҳар роҳе метавонанд, хонаводаро бо об таъмин мекунанд.
Таъмини сокинон бо оби тоза яке аз мушкилиҳои асосӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.
Тибқи иттилои Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст.