Дар чанд ҷумла
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳукумат то соли 2037 чӣ нақша дорад
"Тоҷикистон то соли 2032 тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи сабз ба роҳ хоҳад монд." Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми июн дар нишасти об дар Душанбе изҳори назар кард. Феълан зиёда аз 98 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои обӣ истеҳсол мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, "то соли 2037 ба "кишвари сабз" табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад". Шинондани зиёда аз ду миллиард ниҳол давоми 16 соли оянда яке аз талошҳои Тоҷикистон барои гузаштан ба кишвари сабз будааст.
Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш бештар ба масъалаи камбуди об дар ҷаҳон тамаркуз кард ва дар бораи нарасидани оби ошомиданӣ дар дохили кишвар тақрибан чизе нагуфт.
Тибқи иттилои расмӣ, феълан танҳо 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот аз дастрасии комил ба оби ошомиданӣ бархӯрдоранд. Зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд. Меъёри дастрасии аҳолӣ ба оби тоза дар шаҳрҳои Тоҷикистон зиёда аз 80 дарсад аст.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 11-уми июн аз гармшавии иқлим ва зиёд шудани офатҳои табиӣ вобаста ба об суҳбат карда, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар масъалаи об нокофӣ хонд, аммо ӯ аз ҳеч кишвар ё созмони мушаххасе ном набурд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз омодагии кишвар барои тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ "ва тавассути муколамаи созанда ҳал кардани масъалаҳои мубрами об" суҳбат кард. Изҳороти Раҳмон дар ҳоле садо дод, ки солҳои охир миёни сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бар сари тақсими об борҳо ҷанҷол сар кардааст.
Ӯ мисли дигар ҳамоишҳои вобаста ба об дар конфронси 11-уми июн низ аз обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон изҳори ташвиш кард: "Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст. Ҳол он ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ набуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии партовҳои гулхонаӣ ночиз аст."
Дар ҳамоиши Душанбе, ки 11-уми июн оғоз шуда, то 13-уми июн давом мекунад, намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд. Намояндагони Босния ва Ҳерсеговина ва Замбия аз мушкили об дар сайёра, дастрасӣ надоштани миллионҳо нафар ба оби тоза ӯ суҳбат карда, даъват карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ҳалли мушкилиҳо дар ин бахш талошҳои худро муттаҳид кунанд. Аммо суҳбати намояндагони ин кишварҳо бештар умумӣ буд.
Ин сеюмин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кумаки Созмони Милал баргузор мешавад.
Мунтақидон бар инанд, ки чунин ҳамоишҳо бештар хислати таблиғотӣ доранд, то амалӣ ва ҳадафи асосияшон баланд бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байнулмилал ва ҳам таъкид ба комёбию эътирофи ҷаҳонии нақши раҳбари он дар дохили кишвар аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Нозири Шабакаҳои тақсимоти барқи Данғараро дастгир кардаанд
Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Данғара яке аз кормандони Шабакаи тақсимоти барқи ноҳияро бо иттиҳоми фиреби мардум ва зиён расондан ба ин муассиса дастгир кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май хабар дод, Раҳимов М.С сокини 32-солаи ноҳияи Данғара, нозири ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба он гумонбар мешавад, ки бо тағйир додани иттило дар компютерҳои шабака ба ҳисоби сокинони деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара бештар аз 73 ҳазор киловат соати нерӯи барқи изофӣ навишта аз ин роҳ ба ҳисоби муассисаи худ бештар аз 30 ҳазор сомонӣ зиён расондааст.
Ҳоло нозири собиқи муасссисаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сохтакорӣ ва тағйир додани иттилооти компютерӣ муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта шикоят аз ҳисобҳои баланди нерӯи барқ аз тарафи мардум зиёд шунида мешуд, вале мақомот мегуфтанд, ки худи мардум нерӯи барқро зиёд истифода мебаранд.
Вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки дасткории иттилооти истифода аз нерӯи барқ ва дуздидани пули мардум аз тарафи худи нозирон вуҷуд дорад. Бо ин гуна иттиҳом ва гуноҳ даҳҳо нозири барқро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашидаанд.
Ҳалокати 4 нафар дар кони тилои Шугнов
Дар пайи чаппа шудани як кӯҳпораи азим дар Шугнови ноҳияи Ховалинг, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон ба коркарди тило машғул буданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми май рух додааст.
Ду манбаи огоҳ аз ноҳияи Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се нафар аз фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафар аз шаҳри Бохтар мебошанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади се нафарро дирӯз ва ҷасади як тани дигарро ин субҳ аз зери сангрезаҳо пайдо карда, барои ташхис ба маркази ноҳияи Ховалинг интиқол доданд.
"Дар онҷо ҷуқурӣ мекофтанд. Ҳангоми кор сангу шағал ба болояшон чаппа мешавад ва дар зери он мемонанд. Ҷасадҳоро як рӯз кофтанд ва пайдо карданд. Чорумашро субҳи имрӯз ёфтанд ва гуфтанд, ки ташхис карда, баъдан ба хонаводаш месупоранд",-гуфт мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, фавтидаҳо аз 19 то 42 сол умр доштанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳангоми заршӯӣ коргарон дар ин минтақа зери сангреза монда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир шаш ширкат ба заршӯӣ машғуланд. Аксари кормандони ин ширкатҳо аз дигар шаҳру ноҳияи кишвар барои кор инҷо меоянд.
Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт.
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш хабар дод.
Ин ниҳод рӯзи 24-уми май бо нашри иттилоияе гуфт, нақшаи даъват дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз мӯҳлат иҷро шудааст.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз шуд.
Вазорати дифоъ гуфт, "сифати чорабиниҳои марбут ба гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб ба назар мерасад".
Аммо имсол дар ду моҳи ахир, марги чор сарбоз -- Исрофил Азимзода, Ғолибҷон Иброҳимов, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода ва Одилҷон Исломзода расонаӣ ва боиси вокунишҳо дар ҷомеа шуд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, соли 2025 ҷиноятҳои ҳарбӣ 123 ададро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 66 адад ҷиноятҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ мебошанд.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта оид ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ 35 муроҷиат сабт шуда, нисбати 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ҷазои интизомӣ дода шудааст.
Рубио: Наметавон дар 72 соат бо Эрон ба созиши ҳастаӣ расид
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24 май ба "Ню-Йорк Таймс" гуфт, ки созиш бо Эрон аз ҳимояти минтақавӣ бархӯрдор мебошад, аммо расидан ба як тавофуқи ҳастаиро наметавон "давоми 72 соат анҷом" дод.
Изҳороти ӯ пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш эълон кард, ки ба музокиракунандагони кишвараш гуфтааст, барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанги семоҳа, "саросема нашаванд".
Рубио дар гуфтугӯ бо "Ню-Йорк Таймс" гуфт, "мо масъаларо ба баъд намегузорем. Музокироти ҳастаӣ масъалаҳои бисёр фаннӣ ҳастанд. Шумо наметавонед як мавзуъи ҳастаиро дар 72 соат ҳал кунед".
Ӯ афзуд, ки "дар ҳоли ҳозир, ҳафт ё ҳашт кишвари минтақа аз ин стратегия ҳимоят мекунанд ва мо омодаем ин роҳро идома диҳем".
Ин дар ҳоле аст, ки Марко Рубио чанд соат пеш гуфта буд, мумкин аст то шоми якшанбе хабаре дар бораи созиш бо Эрон эълон шавад, ки метавонад ба таври расмӣ ба ҷанг дар Ховари Миёна поён диҳад.
Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, низ эълон кард, ки байни Теҳрон ва Вашингтон дар бораи бархе бандҳои созишнома, аз ҷумла, дар бораи "озодсозии амволи бандмондаи Эрон" ихтилоф вуҷуд дорад.
Ҳалокати ду кас дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев
Дар ҳамлаи густурдаи артиши Русия ба шаҳри Киев, ду нафар ҳалок шуда, 56 каси дигар маҷруҳ гардиданд. Ду нафар аз захмишудагон кӯдак ҳастанд.
Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки Русия бо 549 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ва 55 мушак ҳамла кардааст. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар ин ҳамла ба эҳтимоли зиёд аз мушаки "Орешник" ҳам истифода шудааст.
Шаҳрдори Киев гуфт, тақрибан ҳама минтақаҳои пойтахти Украина дар ин ҳамла осеб дидаанд. Аз ҷумла биноҳои Театри академии опера ва балет ва осорхонаи миллии "Чернобил" зарар диданд.
"Барои Киев шаби даҳшатноке буд... феълан наҷотдиҳандагон сӯхторро хомӯш мекунанд ва харобаҳоро тоза доранд. Пизишкон ба захмиён кӯмак мерасонанд", - навиштааст, Виталий Кличко шаҳрдори Киев.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ҳамлаҳои Русия дастикам 83 кас осеб дидааст. Ӯ гуфт, ҳадафи асосӣ шаҳри Киев буд.
Трамп аз ниҳоӣ шудани созиш бо Эрон хабар дод
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, созиш бо Эрон барои хатми ҷанг тақрибан ниҳоӣ шудааст ва танҳо "ҷузъиёти ниҳоӣ" баррасӣ мешавад. Ин изҳорот бори дигар умедҳоро ба эҳтимоли поёни низоъ бештар кардааст.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "ҷузъиёти ниҳоии созишнома дар баррасӣ қарор дорад ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Илова бар бисёре аз бахшҳои дигари ин созиш, тангаи Ҳурмуз низ боз хоҳад шуд".
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин паёмро баъди суҳбат бо роҳбарони Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Покистон, Туркия, Миср, Урдун ва Баҳрайн нашр кард.
Доналд Трамп ҳамчунин навишт, ҷудогона бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу телефонӣ гап зад ва ин суҳбат "хеле хуб" гузаштааст.
Теҳрон ба изҳороти ахири Доналд Трамп вокунише накардааст. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ 23-юми май гуфтанд, дар музокироте, ки бо миёнаравии Покистон сурат мегирад, пешрафт ҳосил шудааст.
Таркиши зарфи газ дар Душанбе сабаби марги донишҷӯ шуд
Дар пайи таркиши зарфи газ дар як коргоҳи фурӯши яхмос дар Душанбе, як донишҷӯ ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 23-юми май дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, дар коргоҳи "Мазаи ватанӣ", ки "ба фурӯши яхмос ва маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисӯхторӣ лӯлаи газӣ оташ гирифта, таркидааст".
Дар ин ҳодиса Абубакр Нурови 18-сола, ки дар ин коргоҳ ҳамчун ёрдамчӣ кор мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ин ҷавон дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст.
Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Солҳои ахир таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум ва коргоҳҳо сабаби захмӣ ё фавти одамон дар Тоҷикистон шудааст.
CBS: Амрико барои даври нави ҳамлаҳо омода мешавад
Шабакаи амрикоии CBS субҳи 23 май хабар дод, ки ҳукумати Трамп барои анҷоми даври наве аз ҳамлаҳо алайҳи Эрон омода мешавад.
Ин шабакаи хабарӣ ба нақл аз манбаъҳое, ки ба номашон ишора накард, навишт, ки омодагиҳо барои анҷоми ҳамлаҳои нав рӯзи ҷумъа сурат гирифтааст.
Бо ин ҳол, дар ин хабар омадааст, ки то баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа ба вақти Амрико барои анҷоми қатъии ҳамлаи дубора ба хоки Эрон тасмиме гирифта нашудааст.
Ҳамзамон як хабарнигори рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal дар гузорише навишт, ки раисҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи мушовиронаш дар заминаи амнияти миллӣ дар соатҳои поёнии рӯзи ҷумъа нишасте доштааст, аммо тасмими қатъӣ дар ин ҷаласа гирифта нашудааст.
Ба навиштаи ин хабарнигор аз Кохи Сафед, Трамп дар нишаст мувофиқ будааст, ки дипоматия ниёз ба вақти бештар дорад ва дар айни ҳол, масъалаи бозгашт ба ҷанг низ ҳамчунон рӯи миз аст.
Пештар Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки ахиран сухангӯи ҳайати музокиракунандаи ин кишвар интихоб шуд, гуфт, "ихтилофи назарҳо байни Эрон ва Амрико он қадар амиқ ва зиёд аст, ки намешавад гуфт бо чанд бор рафту омад ё музокирот давоми чанд ҳафта мо бояд ҳатман ба натиҷа бирасем".
Хабари омода шудан ба ҳамлаҳои нав ба Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки Доналд Трамп рӯзи 18 май хабар дод, ки қарор буд рӯзи 19 ҳамлае ба Эрон анҷом шавад, аммо ба дархости сарони араби Халиҷи Форс аз он худдорӣ кардааст.
Ҳалокати беш аз 90 нафар дар таркиши як кони ангишт дар Чин
Расонаҳои давлатии Чин гузориш доданд, ки бар асари таркиш дар як кони ангиш дар ин кишвар, дастикам 90 тан ҷон бохтаанд.
Хабаргузории "Франс пресс" бо такя ба хабаргузории давлатии Чин -- "Синхуа" навишт, ки ҳодиса шоми 22 май дар як кони ангишт дар вилояти Шанси, рух додааст.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ҳамгоми рух додани таркиш дар умум 247 коргар дар зери замин ҳузур доштанд.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гуфтааст, ки 345 нерӯи кӯмакрасон ба маҳали ҳодиса фиристода шуданд ва дар ҷустуҷӯи 9 нафаре ҳастанд, ки ҳанӯз нопадид ҳастанд.
Таркиши рӯзи ҷумъа, бадтарин фоҷеа дар як кон дар Чин пас аз соли 2009 ба шумор меравад.
Дар ин сол дар таркиши маъдане дар вилояти Хэйлунсзян дар шимол-шарқи Чин, 108 нафар ҷон бохтанд.
Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин хостори истифода аз ҳама имкониятҳо барои дармони захмиҳо шуд ва бар анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба дар бораи ин ҳодиса таъкид кард.
Шуморе аз сарони кишварҳои дунё ба раисҷумҳури Чин дар робита ба ин ҳодиса номаҳои ҳамдардӣ фиристоданд.
Таъсиси Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи 23 май фармони президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамзамон фонди ин ҷоизаи байналмилалӣ ташкил мешавад.
Маблағи ин ҷоиза эълон нашудааст.
Дар шарҳи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки ин ҷоиза ба ҳадафи арҷгузорӣ ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ, таъсис дода шудаст.
Ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Абуалӣ ибни Сино яке аз донишмандони бузурги соҳаи тиб ба шумор меравад. Ӯ соли 980 мелодӣ дар Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшидааст.
Дар Тоҷикистон Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Душанбе номи ӯро дорад. Яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон низ ба номи ӯ гузошта шудааст.
Сафари фармондеҳи артиши Покистон ба Эрон
Хабаргузории эронии ИСНА аз сафари маршал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон хабар дод. Ӯро дар фурудгоҳ Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон пешвоз гирифтааст.
Пеш аз ин ИРНА -хабаргузории давлатии Эрон ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ дар Исломобод эълон карда буд, ки низомии баландмақоми покистон рӯзи ҷумъа ба Эрон сафар кардааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки Осим Мунир қарор аст ба Теҳрон сафар кунад, аммо ин сафар 24 соат ба таъхир афтодааст.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки барои иштирок дар нишасти вазирони НАТО ба Шведсия сафар кардааст, низ гуфт, ки Вашингтон бо фармондеҳи артиши Покистон дар тамос аст ва интизор меравад, ки ӯ хеле зуд вориди Теҳрон шавад.
Бархе расонаҳо мегӯянд, ки сафари Осим Мунир ба Теҳрон нишонаи "пешрафт"-и гуфтугӯҳо аст. Рубио низ аз бархе пешрафтҳо дар гуфтугӯҳои Амрико ва Эрон хабар дод. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳанӯзи тавофуқ ниҳоӣ нашудааст.
Покистон аз замони барқарории оташбас дар рӯзи 8 апрел ва баъд аз 40 рӯз ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, дар нақши миёнарав амал мекунад ва як даври гуфтугӯҳо миёни намояндагони баландпояи Теҳрон ва Вашингтон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.
Шӯрои Федератсия санади ҷалби муҳоҷирони тоҷикро тасдиқ кард
Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия матни созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷикистониро тасдиқ кард.
Бар асоси ин санад, ки моҳи апрел порлумони Тоҷикистон низ онро тасдиқ карда буд, муҳоҷирони тоҷик як қисм ҳуҷҷатгузориро дар ватан анҷом медиҳанд.
Тибқи ин ҳуҷҷат, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои таҳсилоти касбии Русия омода карда мешаванд.
Ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон изи ангушт месупоранд ва аз ташхиси тиббии мутахассисони рус мегузаранд.
Нуктаи асосӣ дар ин созишнома ин аст, ки акнун Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ба таври гуруҳӣ муҳоҷиронро ба Русия мефиристад. Албатта шаҳрвандон худашон мустақилона ҳам метавонанд барои кор ба Русия раванд.
Ин санад ҳамчунин таъсиси намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистонро дар кишварҳои ҳамдигар пешбинӣ мекунад.
Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Муҳоҷирони тоҷик солҳои ахир аз фишор, шиканҷа ва рейдҳои пайвастаи пулиси Русия шикоят мекунанд.
Амри Хоманаӣ барои набаровардани урани ғанишуда аз Эрон
Бино ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон бо як дастур берун бурдани урани ғанишуда аз ин кишварро манъ кардааст. Дар ин бора ду манбаи баландпояи эронӣ ба ин хабаргузорӣ маълумот додаанд.
Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони хабаргузорӣ, "дастури раҳбари олӣ ва розигии ҳокимият ин аст, ки захираҳои урани ғанишуда набояд аз кишвар берун бурда шаванд".
Дар Теҳрон нигаронанд, ки интиқоли уран метавонад Эронро дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил осебпазиртар кунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори телевизиони "Ал-Ҷазира" Алӣ Ҳошим бо такя ба манбае дар ҳукумати Эрон навиштааст, ки Хоманаӣ чунин санадеро имзо накардааст.
Ҳамсӯҳбати ин расона, хабарҳои Reuters-ро "таблиғоти мухолифони созишномаи сулҳ" номида, таъкид кардааст, ки мавқеи Эрон бетағйир мемонад.
"Теҳрон омода аст, ки мустақилона ва таҳти назорати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ғанисозии як қисм ураниумро камтар кунад",-гуфтааст ин манбаъ.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талаб дорад, ки Эрон дар доираи созиши эҳтимолӣ оид ба барномаи ҳастаӣ, аз урании ғанишуда даст кашад.
Амрико ва Исроил пойфишорӣ мекунанд, ки урани ғанишудаи Эрон аз кишвар хориҷ карда шавад ё таҳти назорати байналмилалӣ қарор гирад.
Тибқи маълумоти Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, Эрон тақрибан 440 килограм урани ғализ дорад, ки то 60 дарсад ғанӣ шудаанд. Дар сурати ғанисозии бештар ин уранро метавон барои сохти силоҳи атомӣ истифода бурд.
Дар 3 моҳ аҳолии Тоҷикистон 49 ҳазор кас зиёд шудааст
Дар се моҳи аввали имсол аҳолии Тоҷикистон қариб 49 ҳазор кас зиёд шудааст. Тибқи омори расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 дарсад камтар шудааст.
Мақомот мегӯянд, ба ҷуз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар дигар минтақаҳои кишвар камшавии суръати рушди аҳолӣ сабт гардид.
Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон шумораи таваллудҳо 1,6 дарсад, шаҳри Душанбе 8,9 дарсад ва дар ВМКБ 11,2 дарсад таваллуд нисбат ба соли гузашта камтар шудаст.
Дар вилояти Суғд, шумори таваллуд 1,1 дар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,8 дарсад зиёдтар сабт шудааст.
Мақомот нагуфтаанд, ки сабаби кам шудани таваллуд дар вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе чист.
Ба гузориши Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар кишвар 9,1 ҳазор кас вафот кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 дарсад бештар аст. Афзоиши фавт дар ҳама минтақаҳои кишвар ба назар мерасад.
Тибқи омори расмӣ, то 1-уми апрели имсол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллиону 767,9 ҳазор нафар расидааст.
Раҳмон ва дабири CАҲА ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкории байни ду тараф, аз ҷумла дар мавриди пешгирӣ аз ҷиноятҳои интернетӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки мулоқот рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Дар баёнияи расмӣ омадааст, “таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори созмон - ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд.”
Дар баёнияи ҳамчунин омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Фаридун Синирлиоғлу “доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт.”
Ҳукумати Тоҷикистон маҳз дар ҳамин арсаҳо солҳои ахир танқид мешавад, аз ҷумла барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи бунёдии мардум, интихоботҳои ғайридемократӣ ва олуда ба тақаллуб, талошҳои нокофӣ барои аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила ва ҳам маҳдуд кардани озодии матбуот.
Дар камтар аз ду соли гузашта дар Тоҷикистон 9 хабарнигору блогер маҳкум ба зиндон шудаанд ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот фақат барои интиқод аз амалкардҳои мақомот аз онҳо интиқом гирифтааст.
Соли 2025 Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълон кард, ки нозиронашро барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон намефиристад. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.
Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин рӯзи 20-уми май бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими марзҳо, муқовимат бо таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти вазорат гуфт, “таваҷҷуҳи махсус ба барномаҳои муштарак дар самтҳои таъмини субот, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, амнияти киберӣ ва дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зоҳир гардид.”