Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Садои гуноҳолуд"-и Гугуш нашр шуд. Хотираҳои овозхони маҳбуби форсизабонон


Гугуш дар байни мардуми Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.
Гугуш дар байни мардуми Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.

Китоби деринтизори хотироти Гугуш ситораи маъруфи поп дар миёни форсизабонони ҷаҳон ба забони инглисӣ ва таҳти номи "Садои гуноҳолуд" нашр шуд. Ба забони форсӣ низ ҳафтаи оянда дастраси ҳаводоронаш мешавад.

“Рӯзе, рӯзгоре дар Эрон як суперстар зиндагӣ мекард, ки миллионҳо нафар дӯсташ медоштанд. Дар 28-солагӣ дунёяш вожгун шуд, дар ҳоле ки ватанаш бо инқилоби исломӣ вориди даврони торике гашт ва ӯ ба дунёи сукут табъид шуд. Ин ҳикояти Гугуш аст. Достони ман. Садое, ки талош карданд, хомӯш кунанд, аммо натавонистанд. Ва акнун ифтихор мекунам, ки хотиротамро бо шумо дар миён мегузорам.”

Ин суханони Гугуш дар саҳифаи Инстаграми ӯ дар мавриди китоби “Садои гуноҳолуд” ё Sinfull voice китоби хотироташ аст, ки рӯзи сешанбе 2-уми декабр ба забони инглисӣ чоп шуд.

Ширкати “Амазон”, китобро ба фурӯш гузоштааст, дар муаррифии он навиштааст, “пеш аз онки Мадона ва Биёнсе вуҷуд дошта бошанд, Гугуш будааст” ва аз ӯ нақл мекунад, ки достонаш, достони худаш нест, дар бораи гузаштаҳост.

Гугуш мегӯяд, китоб дар мавриди кишварам аст, ки чӣ буду чӣ шуд ва чӣ балое ба сари мардум ва ҳунармандонаш омад. “Амазон” китобро ёддоштҳои шоирона ва таъсиргузор аз абарситораи мусиқии попи Эрон медонад ва онро на танҳо достони комили зиндагии ӯ, балки достони кишваре мехонад, ки бори дигар дар ҳоли таҳаввул аст.

Гугуш, Тоҷикистон ва нақшае, ки амалӣ нагашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:51 0:00
Линки мустақим

“Амазон” дар ситоиши китоб ва Гугуш танҳо нест. Нашрияи амрикоии “Лос Анҷелес таймз” ӯро Оливиа Нютон Ҷони форсизабон, яке аз маъруфтарин овозхонҳои инглисизабон дар ҷаҳон хонда ва навиштааст, ки аввалин дархости навиштани хотирот аз Гугуш аз тарафи муфаттишони Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ шудааст. Мехостанд, ин хотирот достони “ибратомӯз” шавад. Гугуш ба “Лос Анҷелес Таймс” гуфтааст, ки дилаш намехост, ки достони зиндагиашро ба онҳо таъриф кунад. Рӯзнома “Садои гуноҳолуд” ро шоирона ва сареҳ хонда гуфтааст, ки он зиндагии Гугушро аз баъди таваллуд то имрӯз ривоят мекунад.

Чаҳор издивоҷ, даҳсолаҳо ҳабси хонагӣ, шарҳи замони ҷанги Ироқу Эрон, ки ӯро дар Теҳрон меларзонд, чандин фигона ё сиқти ҷанин, истифодаи маводи мухаддир, лаҳзаҳои ҳавлноке, ки ба худкушӣ меандешид ва бисёре дигар. Гугуш гуфтааст, агар мардум баъд аз хондани хотиротам ба ман нафрат пайдо кунад, мушкиле надорад, чун шарҳи зиндагии ман аст.

Ӯ афзудааст: “Эрон бахше аз вуҷуди ман аст, мешавад Гугушро аз Эрон бебун бибаред, аммо наметавонед, Эронро аз Гугуш берун кунед.” Китоби “Садои гуноҳолуд” бо ҳамкории Торо Деҳлавӣ навишта шудааст. Зане, ки ба навиштаи “Лос Анҷелес Таймс” нависандаи шинохтае нест, балки як равоншиноси 39- сола аст, ки бештари умрашро дар Фаронса гузаронидааст.

Торо Деҳлавӣ ба “Лос Анҷелес Таймс” гуфтааст, ба Гугуш пешниҳод карда, ки биёед хотиротро ба инглисӣ бинависем ва таъкид кардааст, ки бахши зиёде аз онҳо ногуфта мондаанд, аз ҷумла бозгашти мӯъҷизаосояш ба саҳна дар 50-солагӣ. Ба ақидаи Торо Деҳлавӣ, мустанадҳо дар бораи Гугуш бисёр сохта шудаанд, аммо ҳеч кадом аз забони худаш набудааст. Гугуш ҳам гуфтааст, ки масъулияти комилро бар дӯши Торо Деҳлавӣ гузошта буд, чаро ки танҳо ӯро одами муносиб медонист.

Ӯ афзудааст, ки модари Торо аз беҳтарин дӯстонаш аст. “Лос Анҷелес Таймс” бахшҳои поёнии китобро аз таъсиргузортаринҳо медонад, ҳамон ҷое, ки шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” вуҷуд дорад ва менависад, дар саҳифаҳои поёнӣ Гугуш аз занони Эрон мегӯяд, ки иҷозаи сабти мусиқӣ ва сарояндагиро надоранд. Гугуш ба “Лос Анҷелес Таймс” гуфтааст, дуо мекунад, ки занони Эрон ба зудӣ садояшонро боз ёбанд. Маҷаллаи “Нюсвик” ҳам бо Гугуш дар бораи ин хотирот гуфтугӯ кардааст.

Гугуш гуфтааст, ки хонаи аввалаш саҳна ва хонаи дуввумаш Эрон аст. “Нюсвик” навиштааст, ӯ танҳо як номи ошно дар даҳаи бистсолагиаш дар Эрон набуд, балки як падидаи миллӣ буд. Чизе, ки бо рӯи кор омадани Ҷумҳурии Исломӣ барояш дарди сар овард. Он ҳам дар кишваре, ки ба навиштаи ин рӯзнома бо ислоҳоте, чун инқилоби сапед ва қонуни ҳимоят аз хонавода ба сӯи модернизм ва тақвияти ҳуқуқи занон пешрафт мекард.

Гугуш ба “Нюсвик” гуфтааст, “Вақте рӯи саҳна ҳастам, танҳо ҳастам, касе наметавонад ба ман осеб бизанад. Саҳна ҷоест, ки барои тамошогарон ҳарчӣ ки хоҳам мекунам.” Маҷалла навиштааст, ки саҳна барои Гугуш паноҳгоҳ, роҳи наҷот ва ҷое буд, ки дардҳояш аз байн мерафт.


Гугуш дар замони инқилоби исломӣ берун аз Эрон буд. Ӯ ба “Нюсвик” гуфтааст, “Пас аз инқилоб ба рағми ин ки ба ӯ гуфтаанд, барнагард, туро мекушанд, аммо ман мехостам дар кишвари худам бошам. Аммо омадан ҳамону ҳамчун бисёре аз ҳунармандон ба зиндони Эвин бурда шудан ҳамон.”

“Нюсвик” навиштааст, Гугуш маҷбур мешавад, санадеро имзо кунад, ки дар он қасам мехӯрад, дигар овоз намехонад. Бозгашт ба саҳна ба гуфтаи Гугуш, барои бозпас гирифтани ихтиёри худаш буд, аввал аз хонавода ва сипас аз ҳукумат. Ва аввалин консерт пас аз тарки Эрон ва дар шаҳри Торонтои Канада бо ҳузури 17 ҳазор нафар сурат гирифт.

Китоби “Садои гуноҳолуд” нусхаи форсӣ ҳам дорад, ки ба гуфтаи Ҳумо Саршор мутарҷими китоб, рӯзи 10 уми сентябр нашр мешавад. Онгуна, ки аз саҳифаи Ҳумо Саршор дар Инстаграм бармеояд, китоб “Садои мамнуъи Гугуш” ном гирифтааст. Гугуш даҳсолаҳост, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад, аммо ҳеч гоҳе дар кишвар консерте надошта ва ба он сафар ҳам накардааст.

XS
SM
MD
LG