Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Об нест. Маҷбурем, аз баҳри замин гузарем" ВИДЕО


Сиддиқ Бойматов, сокини ноҳияи Фархор
Сиддиқ Бойматов, сокини ноҳияи Фархор

Ба даҳҳо гектар замини кишт дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон беобӣ ва хушкшавӣ таҳдид дорад. Кишоварзон гуфтанд, ки чанде пеш дар ин заминҳо гандуму пахта киштанд, вале то ба ҳол натавонистанд об диҳанд. Ин заминҳо дар ҳудуди ҷамоати Деҳқонариқ, Гулшан ва Зафар ҷойгир аст.

Президент доим мегӯяд, ки деҳқонро дастгирӣ кунед, моро касе дастгирӣ намекунад

Сиддиқ Бойматов, сокини ноҳияи Фархор, рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аллакай бахше аз гандуми коридаашро аз даст дод ва ҳоло навбат ба пахта расидааст. "Мардум танҳо барои тухмиву кишт 15-16 ҳазор сомонӣ сарф кардаанд. Аз куҷо пули андоз ва пули обро медиҳем? Маҷбур ҳастем, ки аз баҳри замин гузарем", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шикояти кишоварзон аз пахтазорҳои ташналаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

"​Акнун чӣ мешавад? Кӣ об меорад?"

Бойматов мегӯяд, борҳо аз ҳукумати маҳаллӣ хостаанд, ки вазъи замину заҳмати онҳоро аз наздик бубинанд ва чораи беобиро андешанд.

"Раиси ҳукумат натавонист, ақаллан муовинаш биёяд. Бинад. Меравӣ ва масъаларо барояшон мегӯӣ, намеоянд. Шахсан чаҳор дафъа рафта, масъаларо гуфтам. Халқе ҳаст, ки даҳ танга надорад. Акнун чӣ мешавад? Кӣ об меорад?" - суол гузошт Сиддиқ Бойматов.

Идимат Давлатов, раиси хоҷагии "Авесто-А", гуфт, ин мушкили якрӯзаву якмоҳа нест, балки солҳо боз идома дорад. Ӯ афзуд, имсол пахтаашон аз беобӣ гул кардааст: "Вақте пахта гул кард, дигар аз қадкашӣ мемонад. Мутахассисон мефаҳманд, ки аллакай панҷ-шаш сентнер ҳосилро аз даст додаам. Қисмати поёнии пахта, ки об нахӯрдааст, баргҳояшро мепартояд."

Давлатов дар чунин вазъ масъулони хоҷагии оби ноҳияи Фархорро айбдор кард. "Саривақт дастгоҳҳои обкаширо таъмир намекунанд. Пули обро медиҳем, вале дар таъмини об масъулият надоранд", - шиква кард ӯ.

Дар ҳукумати ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин мушкили деҳқонҳо хабар доранд ва ба зудӣ ҳал хоҳанд кард. Насрулло Вализода, муовини аввали раиси ноҳияи Фархор гуфт, "он минтақа, воқеан, вазнин аст ва барои тақсими дар онҷо навбатдор гузоштем".

Деҳқонҳо мегӯянд, чанд бор аст чунин ваъдаҳоро мешунаванд, вале иҷрояшро намебинанд.

Абдуҳамид Каримов, раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор гуфт, аз Русия омадааст, то замину ҳосилашро соҳибӣ кунад. "Кишвари мо дар ҷаҳон аз ҳисоби об дар ҷойи дувум қарор дорад. Дар Фархор касе масъулият ҳис намекунад. Президент доим мегӯяд, ки деҳқонро дастгирӣ кунед, моро касе дастгирӣ намекунад", - гуфт ӯ.

Заминҳое, ки деҳқононаш аз нарасидани об шикоят мекунанд, ба истилоҳ дар саргаҳи об қарор доранд ва заминҳояшон ҳамчун замини обӣ сабт шудааст.

Деҳқонон мегӯянд, соли гузашта ба сабаби камбуди об чанд тонна гандуму пахтаи худро аз даст доданд ва намедонанд, имсол тақдир бо онҳо чӣ кор хоҳад кард. Мегӯянд, ҳоло дар пешорӯи худ ду роҳ доранд, ё ба ҳар қимате обро то заминашон биоранд, ё аз баҳри кишт бигузаранд.

XS
SM
MD
LG