Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти созишномаи нави Тоҷикистон ва Эрон бар сари нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"


Тоҷикистон ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки муҳлати бозгардонии сармояи неругоҳи "Сангтӯда -2"-ро то шаш соли дигар ба таъхир гузоранд. Тибқи тавофуқи аввал, Тоҷикистон бояд то моҳи августи соли 2026 маблағи бунёди неругоҳи "Сангтӯда-2"-ро ба Эрон бармегардонд ва баъдан ин неругоҳ моли Тоҷикистон мешуд.

Бар асоси созиши нав, муҳлати бозгардонии хароҷоти сохтани "Сангтӯда-2" то охири соли 2032 ба таъхир гузошта шуд. Барои сохтани ин неругоҳ 256 миллион доллар сарф шудааст, ки 180 миллиони он аз ҷониби Эрон, 40 миллион доллараш аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 миллион доллараш аз ҷониби ширкати эронии "Сангоб" пардохт шудааст.

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда 2" соли 2006 оғоз шуда, чархаи аввали он дар соли 2011 ба кор даромада буд. Ҷониби Эрон солҳои гузашта аз он шикоят дошт, ки Тоҷикистон қарзҳои худ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқро ба онҳо пурра пардохт намекунад.

Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои об аввали моҳи октябр дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ҳадаф аз ба таъхир гузоштани маблағи "Сангтӯда-2", "ба эътидол овардани вазъи ширкати "Барқи тоҷик" аст". Ба гуфтаи муовини вазир, аз соли 2012 то охири 2023, ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳаҷми 8,9 миллиард киловат соат аз "Сангтӯда-2" барқ харидорӣ кардааст, ки маблағаш 451,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон пештар бо Русия низ бар сари бозгардонии қарзи "Сангтӯда-1" чунин тавофуқ карда буданд. Бар асоси тағйиротҳои нав дар созишнома миёни Душанбе ва Маскав, нерӯгоҳи "Сангтуда-1" дар чанд соли оянда 297 миллион доллар қарзи "Барқи тоҷик"-ро бахшиданист. Ҳамчунин дар назар аст, ки арзиши барқи ин нерӯгоҳ, ки бештар аз 30 дирам ё 3 сенти амрикоӣ буд, 2,1 маротиба арзон шавад, вале танҳо барои 8 соли оянда.

Дар баробари чунин сабукиҳо, дар созишнома таъкид шудааст, ки муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯи Русия 15 соли дигар, то соли 2048 тамдид мегардад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" соли 2008 бо сармояи Русия дар дарёи Вахш сохта шуда, 75 дарсади он ба Русия ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG