Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти пизишкони маъруф дар Эрон


Бародарон Ораш ва Комёр Алоӣ пизишкони маъруф дар Эрон ва берун аз он мебошанд
Бародарон Ораш ва Комёр Алоӣ пизишкони маъруф дар Эрон ва берун аз он мебошанд

Дар Эрон ду пизишки дорои маъруфияти байнулмилалӣ бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҳукумати исломӣ боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд.

Ҳабси онҳо ба дигар кормандони ҷомеаи мадании Эрон таъсири манфӣ хоҳад дошт ва аз афзоиши фишор ба фаъолони ҳуқуқи инсону маҳофили илмӣ хабар медиҳад. Муҳокимаи пизишкони саршинос дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти давлат Маркази ҳуқуқи инсони барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ширини Ибодиро бастаанд ва таъқиби мунаққидону ақаллиятҳои динӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Ду бародар - Ораш ва Комёр Алоиро бо иттиҳоми фаъолияти зидди ҳукумат ва омода кардани инқилоби нарми Эрон ба ҳабс гирифтанд. Вакилони ҳуқуқии бародарон мегӯянд, яке аз онҳо ба шаш ва дигаре ба се соли зиндон маҳкум шудаанд. Наздикони Ораш ва Комёр маҳкуминро бегуноҳ мешуморанд ва ҳушдор медиҳанд, ки мумкин аст, бародарон таҳти фишор ба иқрори гуноҳи набуда маҷбур шудаанд.

Ҳарду бародар пизишканд ва ба муолиҷаи гирифторони ангали ЭйчАйВи-Эйдз машғул буда, дар ин ришта ба эътирофи байнулмилалӣ ноил гаштаанд. Онҳо дар чандин ҳамоиши ҷаҳонии марбут ба ЭйчАйВи-Эйдз ширкат карда, бо беҳтарин пизишкони дунё табодули таҷриба кардаанд. Комёр Алоӣ мехост дар Донишгоҳи Беҳдошти Оми Олбании Ню-Йорк рисолаи докторӣ ҳимоя кунад.

Ҳабс ва маҳкумияти бародарони пизишк як нишонаи афзоиши фишор ба фаъолон ва ҳушдор ба онҳоест, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико робита доранд. Ҷо Амон, мудири барномаи ҳуқуқи инсон ва ЭйчиАйВи-Эйдз дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райст Вотч, мегӯяд, дар давраи президент Маҳмуди Аҳмадинажод вазъи ҳуқуқи иснон дар Эрон ба бадтарин нуқта фурӯ афтод.

Абдулфаттоҳ Султонӣ, ҳомии саршиноси ҳуқуқи иснон ва яке аз бунёдгузорони Маркази ҳомиёни ҳуқуқ, ба ин бовар аст, ки ҳукумат талош дорад, дар ростои интихоботи президентии 12-уми июн дар ҷомеа тарсу ҳарос эҷод кунад.

Дар солҳои охир мақомоти эронӣ равшанфикрон, мунаққидон, донишҷӯён ва ҳомиёни ҳуқуқи инсонро дар таҳдид ба амнияти миллӣ айбдор кард ва мегӯяд, бо истифода аз онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад дар Эрон як инқилоби нарм ба вуҷуд орад. Муртазои Симёрӣ узви бузургтарин гурӯҳи донишҷӯёни истилоҳотхоҳ аст, зери унвони Дафтари таҳкими ваҳдат. Вай мегӯяд, талошҳои ҳукумат ба саркӯб кардани фаъолон аломати тарси он аз дигарандешист.

Ҳамин нуқтаи назари Муртазо Симёриро яке аз бунёдгузорони Маркази ҳомиёни ҳуқуқ Абдулфаттоҳи Султонӣ низ тасдиқ мекунад ва парвандаҳои ахирро нишонаи парешонӣ дар миёни муҳофизакорон меномад.

Хабари ҳабси бародарони Алоӣ дар ҳоле пахш шуд, ки бисёриҳо аз баста шудани Маркази ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, Ширин Ибодӣ таъсис додааст, дар шигифт буданд. Ин марказ мунтазам аз вазъи ҳуқуқи инсон гузориш нашр мекард. Чанд рӯз баъдаш рӯзномаи мӯътадили "Коргузорон" баста шуд. Баъдаш ду мард дар Машҳад бо сангсор кушта шуданд. Фишор ба сӯфиён шиддат гирифт ва дар Киш чанде аз дарвешон боздошт шуданд. Ҳафтаи гузашта панҷ пайрави дини баҳоӣ дар Теҳрон ба ҳабс гирифта шуданд ва қабристони баҳоиҳо тахриб гардид.

Инчунин гуфта мешавад, қабристони Ховарони Теҳрон, ки садҳо маҳбусони сиёсӣ, ки дар солҳои 80-ум ба қатл расиданд, низ тахриб шудааст. Аз ҳама бештар боздошти донишҷӯён афзоиш ёфтааст. Даҳҳо нафари онҳо дар донишгоҳҳои гуногуни Эрон бо иттиҳоми таблиғи андешаҳои зиддидавлатӣ бозпурсӣ мешаванд.

Ҳодии Қоимӣ аз Маъракаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Эрон мегӯяд, мақомоти эронӣ рӯйдодҳои Ғаззаро низ барои афзоиши фишор ба дигарандешон истифода карданд. Вай меафзояд, онҳо ҳамчунин амалан мехоҳанд, қатъномаи ахири Созмони Милалро, ки дар моҳи декабри соли гузашта аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Эрон ҷиддан изҳори нигаронӣ кард, нодида бигиранд.

Аксари нозирон мӯътақиданд, ки ҳар қадар интихоботи моҳи июн наздиктар ояд, саркӯб кардани мунаққидон дар Эрон зоҳиран ба ҳамон андоза шиддат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG