Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳурро ҷарима бастанд


Як додгоҳ дар шаҳри Белград, пойтахти Сербистон раисҷумҳури он кишвар Борис Тадич ва шуморе аз аъзои баландпояи ҳукумати ӯро барои нӯшидани алкоҳол дар варзишгоҳ ҷарима кардааст.

Борис Тадич ва мақомоти дигари баландпояи Сербистон, меросбари асосии Югославияи собиқ, 10-уми октябри соли ҳолӣ дар варзишгоҳи «Срвена Звезда» дар пойтахти худ ба тамошои бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон миёни Сербистон ва Руминия омада буданд ва шоҳиди пирӯзии бечунучарои мунтахабашон бо ҳисоби бузурги панҷ бар сифр шуданд. Дар ҳузури мардуми зиёд раисҷумҳур Тадич барои пирӯзӣ як ҷоми шампанро ҳамроҳ бо вазири варзишаш ва раиси порлумони шаҳри Белград ба комаш рехтааст. Қонуни Сербистон нӯшидани алкоҳол дар биноҳои варзиширо манъ кардааст.

Ҳамакнун, дӯстдорони баландмақоми футбол ва шампан бояд 40.000 динори сербӣ ба хазинаи кишварашон бипардозанд. Ин маблағ баробар ба тақрибан 400 евро будааст.

Раисҷумҳур Тадич дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи худро ба дӯш гирифтааст ва узр пурсидааст. Ӯ гуфтааст, намедонистааст, ки нӯшидани алкоҳол ҳатто барои таҷлил аз пирӯзии муҳимми варзишӣ манъ аст.

Раисҷумҳури Сербистон мувофиқи Сарқонуни он кишвар ҳаққи масӯният аз додгоҳро дорад, аммо Борис Тадич аз ин ҳаққи худ истифода накардааст.
XS
SM
MD
LG