Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ғоратгарӣ ва хушунат дар Ҳаитӣ


Навбатҳои дароз барои дарёфти об ва хӯрок.
Навбатҳои дароз барои дарёфти об ва хӯрок.

Дар ҳоле, ки вуруди кӯмакҳо ба осебдидагони зилзилаи рӯзи сешанбеи гузаштаи Ҳаитӣ ба таъхир афтодааст, мавридҳои дуздиву ғорат дар манотиқи зилизилазада афзоиш ёфтааст.

Осебдидагон аз камии кӯмакҳо нигаронанд ва аз навмедӣ даст ба чунин кор мезананд. Низомиёни Амрико аз ҳаво ба таври фаврӣ ғизову об партоб кардаанд.

Бо вуҷуди ин ки дар Ҳаитӣ ҳудуди 10 000 сарбози хориҷӣ мустақар шуда, амниятро таъмин мекунанд, дархостҳо дар бораи фиристодани
Албатта, мо ба нерӯҳои амниятӣ ниёз дорем, то амниятро дар ин масир таъмин кунанд...
ҳазорон нафари дигар матраҳ мешавад.

Нерӯҳои байналмиллалии амниятӣ талош доранд, аз дуздиву ғорати рӯзафзун дар Порт-о-Пренс, пойтахти Ҳаитӣ, пешгирӣ кунанд ва кӯмакҳо ҳар чӣ зудтар ба бозмондагони зилзилаи ҳафтаи гузашта бирасад. Бо гузашти як ҳафта аз ин зилзила мушкилоти беҳдоштӣ ё тандурустӣ низ пеш омадааст. Ҳоло мақомоти расмӣ мегӯянд, мумкин аст, шумораи қурбониёни зилзила ба беш аз 200 000 нафар бирасад ва шояд қурбониёнро касе ба таври комил ҳисоб ҳам карда натавонад.

Яке аз вазирони Ҳаитӣ мегӯяд, 70 000 ҷасад дар зери вайронаҳо мондааст ва он ба гӯри дастаҷамъӣ шабоҳат дорад. Ҳамзамон гузориш мешавад, ки кормандони имдодрасон ҳангоми кӯмак ба афроди бесарпаноҳ ва кӯдакон ба душвориҳои амниятӣ дучор мешаванд.

Даҳҳо ҳазор нафар кӯдак волидайни худро дар ин зилзила аз даст додаанд. Гурӯҳҳои кӯмак талош доранд, ҳар чӣ зудтар ин бепарасторон ба фарзандхондагии хонаводаҳои дигар дароянд ё фиристодани онҳо ба Амрико ва кишварҳои дигари хориҷӣ суръат дода шавад.

Алейн Ле Роу, раҳбари посдорони сулҳи СММ мегӯяд, хушунату дуздӣ натиҷаи ҳароси осебдидагони зилзила аз дастрас нашудани билофосилаи маводи ғизоии кофӣ ва об ба онҳо будааст.

Серкории фурудгоҳ сабаб шудааст, ки ду ҳавопаймо бо кӯмакҳои фаврии Барномаи хӯроквории Созмони Милал натавонистаанд рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Ҳаитӣ ба замин нишинанд.

Созмонҳое ҳам, ки ҳавопаймоҳояшон бо маводи имдодӣ фуруд омадаанд, ба сабаби монеаҳову харобиҳо дар роҳҳо ва набуди бензини кофӣ натавонистаанд, кӯмакҳои фаврии худро ба ниёзмандон расонанд.

Низомиёни Амрико рӯзи душанбе ба партоби кӯмакҳо аз ҳаво оғоз карданд. Ле Рой ба хабарнигорон гуфт, як долони интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба Порт-о-Пренс тавассути Ҷумҳурии Доминик ба бандари шимолии Ҳаитӣ дар ҳоли боз шудан аст: "Мо бо дигарон дар ҳоли боз кардани як долони кӯмакҳои башарӣ ҳастем. Албатта, мо ба нерӯҳои амниятӣ ниёз дорем, то амниятро дар ин масир таъмин кунанд. Мо то ҳол аз Ҷумҳурии Доминик иттилоъ гирифтем, ки як баталйон медиҳанд ва он аз 800 нафар иборат буда, бояд амнияти ин роҳро аз Доминик то Порт-о-Пренс таъмин кунад."

Интизор меравад, ки шоми имрӯз Шӯрои Амнияти СММ дархостеро дар бораи фиристодани 3 500 корманди иловагии пулис ва посдорони сулҳи СММ ба тасвиб расонад. Ин ннрӯҳо ба 9 000 нафаре, ки ҳоло дар минтақаи осебдида ҳастанд, ҳамроҳ хоҳанд шуд. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ баъд аз бозгашт аз минтақаи зилзилазадаи Ҳаитӣ чунин гуфт: "Ман пешниҳод кардам, ки Шӯрои Амният шумораи афсарони пулисро 1 500 нафари дигар, яъне 67 дарсад афзоиш диҳад. Ман ҳамчунин пешниҳод кардам, ки Шӯрои Амният шумораи низомиёнро 2 000 нафар бештар кунад, ки он 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин барои 6 моҳ пешбинӣ шудааст."

Амрико дар обҳои соҳилӣ як киштии ҳавопаймобар мустақар кард ва ба нақша гирифтааст, ки 2 000 сарбозашро ба Ҳаитӣ бифиристад. Онҳо ба 1 700 нафаре мепайванданд, ки аз ҳоло дар минтақа ҷойгир шудаанд. Ин нерӯҳо ба тақсими кӯмакҳо ва таъмини амният машғул хоҳанд шуд. Бо вуруди ин нерӯҳо шумораи умумии сарбозу афсарони Амрико дар Ҳаитӣ ва соҳилҳои он ба 10 000 нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG