Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони турк бо қасди табадуллот дастгир шуданд


Мақомоти Туркия 11 афсари олирутбаи дигари артиши ин кишвар, аз ҷумла ду адмирал ва як генералро барои талоши табодулоти давлатӣ боздошт кардаанд.

Интизор меравад, ки мурофиаи додгоҳии онҳо рӯзи ҷумъа сурат бигирад. Ҳоло шумораи афсарони зиндонӣ бо иттиҳоми кудато ба 31 нафар расидааст.

Боздошти гуруҳи нави афсарон дар ҳолест, ки субҳи имрӯз ду фармондеҳи собиқи нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии Туркия - Озден Орнек ва Иброҳим Фиртина баъд аз пурсуҷӯ дар робита ба кӯшиши эҳтимолии табодулотӣ давлатӣ озод шуданд.

"Муҳофизони низоми дунявӣ"

Дар авоили ҳамин ҳафта дастикам 50 тан аз афсарони кунунӣ ва бознишастаи артиши Туркия бо иттиҳоми таҳияи табодуллоти давлатӣ алайҳи ҳукумати нахуствазир Тайиб Эрдуғон боздошт шуда буданд.

Нисбати 20 нафари боздоштшудаҳо, аз ҷумла панҷ адмирал ва се генерал айбнома эълон шуда, онҳо ба зиндон интиқол ёфтанд.

Боздоштшудагон ба даст доштан дар тарҳи табаддулоти давлатӣ дар соли 2003 муттаҳам мешаванд. Гурӯҳи афсарони Туркия тибқи нақшаи ин табаддулот, ки “Путккӯбон” номгузорӣ шуда буд, як масҷидҳои ин кишварро бомбгузорӣ кунанд.

Ин боздоштҳо танишҳо миёни низомиёни Туркия ва ҳизби ҳокими исломигарои Адолат ва Тараққиёти Эрдуғонро афзоиш додааст.

Низомиёни Туркия тайи 50 соли охир 4 бор кудато доир карда, бар асари он сарвари кишварро, ё барканор ва ё маҷбур ба истеъфо кардаанд. Онхо худро муҳофизони низоми дунявӣ дар Туркия мехонанд.
XS
SM
MD
LG