Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи гуруҳҳои сиёсии Миср барои парҳез аз хушунат


Нерӯҳои сиёсӣ дар Миср рӯзи панҷшанбе санадеро имзо карданд, ки тибқи он, дар раванди муборизаҳои сиёсӣ, аз хушунат парҳез хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории «Аш-шарқ ал-авсат»-и Миср, ин тавофуқ бо миёнҷигарӣ ва сарпарастии Аҳмад Таййиб, Шайхи Ал-Азҳар ҳосил шудааст.

Шайхи Ал-Азҳар, намояндагони мухолифон ва ҳамчунони Ҳизби озодӣ ва адолат ( ҷиноҳи сиёсии гуруҳи Ихвонулмуслимин)-ро барои ҳузур дар ин нишаст даъват карда буд. Намояндагони калисоҳои Миср ҳам аз ҷумлаи даъватшудагон би ин нишаста буданд.

Муҳаммад Ал-Бародаӣ, яке аз сарони мухолифони Миср пас аз ин нишаст, дар як конфронси хабарӣ гуфт, "аз ин ҷаласа ба навъе умедворӣ берун омадем, аммо чолишҳо дар роҳи мо ҳамчунон зиёд аст.»

Санади имзошуда дар нишасти Ал-Азҳар шомили бандҳое аст, ки дар он таъкид шудааст, ки" хун, дороиҳои миллӣ, умумӣ ва хусусӣ, муҳтарам аст.»

Дар ин санад ҳамчунин омадааст, ки «давлат ва созмонҳои амниятӣ вазифаи ҳимоят аз амнияти шаҳрвандон, ҳифзи онҳо ва дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои қонуниро бар ӯҳда доранд.»

Ин санад, ки санади «Азҳари шариф» ном гирифтааст, зимни маҳкум кардани хушунатҳо афзудааст, ташвиқ ба хушунат, дифоъ аз он ё сӯиистифода аз он, ба ҳар шакле маҳкум аст.»

Ин санад ҳама тарафҳои сиёсии Мисрро ба пойбандӣ ба роҳҳои мусолиматомез ва сиёсӣ барои ҳаллу фасли ихтилоф ва ҳимоят аз ваҳдати миллӣ дар ин кишвар, даъват кардааст.

Дар эътирозҳои ахири Миср, ки барои ҳаштумин рӯзи пайпай идома дошт, беш аз 50 нафар аз мухолифони ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG