Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба Афғонистон кӯмак кунад


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Вазири умури хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти палатаи болоии парлумони ин кишвар гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба Афғонистон кӯмак кунад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ки дар Шӯрои Федератсия сӯҳбат мекард, гуфт: "Мо мехоҳем, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо эҳтироми комил ба ҳаққи ҳокимияти Афғонистон, ин кишварро кӯмак кунад ва кӯмакҳо набояд интихобӣ ва ба хости худашон бошад, балки барои аз байн бурдани ҳама чолишҳое бошанд, ки ин кишвар ба он рӯбарӯ аст."

Вазири умури хориҷии Русия афзудааст, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкорӣ ва амнияти дастаҷамъӣ бояд ба НАТО ҳамкорӣ ва кӯмак кунанд то аз қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ шавад. Сергей Лавров дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, кишварҳое монанди Узбакистон, ки узви ин созмон нестанд ва бо Русия равобити наздик доранд, бояд бар асоси қарордодҳо бо ин кишвар, пеши таҳдидҳои эҳтимолиро бигиранд, ки пас аз соли 2014 аз Афғонистон рӯбарӯи ин кишварҳо мебошанд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки Амрико мехоҳад 9 пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон дошта бошад. Сергей Лавров дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, "Маскав мавзӯи ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014-ро баррасӣ мекунад". Вай гуфт, ин нерӯҳои низомӣ дар ду гӯрӯҳ ҳузур хоҳанд дошт, яке нерӯҳои НАТО ҳастанд, ки ба омӯзиш ва тарбияти нерӯҳои афғон саргарм хоҳанд буд ва дигаре сарбозони амрикоӣ, ки алайҳи терроризм амалиёт хоҳанд кард.

Аммо масъалаи боқӣ мондани ин нерӯҳоро имзои қарордоди амниятӣ байни Кобул ва Вошингтон ба таъхир андохта ва ин санад то кунун имзо нашудааст.
Амрико мегӯяд, ки ин қарордоди амниятӣ бояд ҳар чӣ зудтар имзо шавад, то барномаи ҳузури нерӯҳо пас аз соли 2014-ро тарҳрезӣ кунад.

Аммо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ин санад пас аз интихобот дар моҳи апрели соли оянда имзо хоҳад шуд. НАТО ҳамчунон гуфтааст, ки онҳо низ ба имзои қарорододи монанд бо Вошингтон ниёз доранд то талошҳояшонро баъд аз соли 2014 дар Афғонистон ҳамоҳанг кунанд.
XS
SM
MD
LG