Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боҷ дар ивази боҷ. Чин ба қарори Амрико ҷавоби ҳамсанг меҷӯяд


Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин дар муоқоти Пекин. 9 ноябр, 2017
Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин дар муоқоти Пекин. 9 ноябр, 2017

Пекин дар ҷавоб ба қарори ИМА, дар заминаи ҷорӣ шудани маҳдудият ба молҳои чинӣ, эҳтимол ба баъзе маҳсулоти Амрико боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунад, то "зарари расида ба манофеи Чин"-ро то ҳади ақал расонад. Феълан мақомоти Чин аз Вашингтон даъват кардаанд, ки низои тиҷоратиро бо гуфтушунид ҳал кунад.

Вазорати тиҷорати Чин рӯзи 23 март хабар дод, ки раҳбарияти кишвар боҷи 25 дар садӣ ба гушти хук ва боҷи 15 дар садӣ ба меваву шароб ва лӯлаҳои фулодии Амрикоро дар назар гирифтааст. Ин маҳдудият ба буҷаи Чин ҳудудан 3 миллирад доллар ворид мекунад.

Рӯзи панҷшанбе президенти ИМА Доналд Трамп фармони ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ ба маҳсулоти Чинро имзо кард. Рӯйхати маҳсулот то ду ҳафтаи дигар омода хоҳад шуд. Президент ҳамчунин дастур дод, ки чораҳои кам кардани сармоягузории Чин дар ИМА баррасӣ шаванд. Кохи сафед мегӯяд, ки зарари молии Чин аз ин маҳдудиятҳо наздик ба 50 миллард доллар хоҳад буд.

Бозори бурси Амрико ба хатари ҷанги густардаи тиҷоратӣ бо Чин вокуниши бисёр манфӣ нишон дод. Қимати шохиси саҳҳом дар бозор то 3 дар сад коҳиш ёфт.

9 март Трамп ба алюминий ва фулод боҷи воридотӣ ҷорӣ кард. Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба ин иқдом боҷҳои ҷавобиро ба Амрико ваъда дод. Аммо ИМА Брюссел ва як идда кишварҳои дигарро муваққатан аз боҷ озод кард.

XS
SM
MD
LG