Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боронгариҳои харобиовар дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Боронгариҳои чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон, ба бахшҳои мухталифи кишвар зиёни моддӣ расонидааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар бархе аз минтақаҳои дар пайи боридани борон ва фаромадани сел заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хароб шудаанд.

КҲФ гуфт, аз ҷумла дар деҳаи Рӯзиобноки Панҷакент бар асари фаромадани сел 800 метр роҳ вайрон ва 2 гектар замини киштар хароб ва заминҳои наздиҳавлигии 10 сокини деҳа зарар дидаанд. Манбаъ мегӯяд, дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент резиши санг 250 метр роҳро баст. Дар шаҳри Конибодом низ аз сел заминҳои шахсии сокинон хароб шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки сел чанд деҳаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. Ба гуфтаи КҲФ, офатҳои табии қурбоние дар пай надоштанд.

Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 20-уми май ҳаво дар кишвар номусоид боқӣ мемонанд ва боронгариҳо идома мекунад. Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки дамои ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд.

XS
SM
MD
LG