Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар шарқи Украина ҳафт нафарро боздошт кард


Пулиси Украина гуфт, ки дар иртибот ба ҳамлаи маргбор болои як урдугоҳи қавми Рома дар атрофи шаҳри Лвив ҳафт нафарро боздошт кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки рӯзи 23-юми июн сурат гирифт, ҷавоне 24-сола кушта шуд.

Ба қавли пулиси Украина, бар асари ин ҳамла чаҳор нафари дигар захмӣ шуда, дар бемористон бистарианд.

Чаҳор гуруҳи ҳуқуқи башар, бо шумули созмони Афви Байналмилалӣ, дар як нома ба мақомоти Украина ҳамлаи ахир ба урдугоҳи қавми Ромаро ба шиддат танқид карданд.

Бино ба тахмини гуруҳи Шӯрои ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумлаи беш аз 42 миллион аҳолии Украина 280 ҳазори онро афроди мутааллиқ ба қавми Рома ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG