Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масунияти президентҳои пешини Қирғизистон дар хониши аввал лағв шуд


Ҷаласаи порлумони Қирғизистон
Ҷаласаи порлумони Қирғизистон

Порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи лағви масунияти президентҳои пешинро дар хониши аввал тасвиб кард, ки метавонад роҳро барои таъқиби додгоҳии раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев боз кунад. Қабл аз имзои раиси ҷумҳур қонун бояд дар ду хониши дигар тасвиб шавад.

Ба тарафдории ин қонун дар овоздиҳии нахустин рӯзи 13 декабр аз 120 вакил 100 намояндаи мардумӣ раъй доданд ва танҳо ду нафар мухолиф баромад. Боқимондаҳо дар овоздиҳӣ ҳузур надоштанд. Кумитаи қонунгузории порлумони Қирғизистон аз ин қонун охири моҳи ноябр пуштибонӣ кард.

Райъдиҳӣ дар пасманзари таниши афзояндаи байни раиси ҷуҳмури феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков ва президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар гузашта шарикони наздик буданд, ҷараён гирифт.

Моҳи октябр Додгоҳи Олии Қирғизистон қарор кард, ки масунияти президентҳои пешин ғайриконститусионӣ аст.

Моҳҳои ахир баъзе намояндагони мардумӣ ва сиёсатмадорон ба таҳқиқи баъзе қарорҳое даъват карданд, ки Отамбоев дар замони раҳбарияш қабул карда буд.

Якчанд шарики наздики Отамбоев бо ҷурми фасодкорӣ боздошт шуданд.

Алмосбек Отамбоев моҳи октябри соли гузашта ба Сооронбой Ҷеенбеков барои интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур кӯмак карда буд.

XS
SM
MD
LG