Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коммерсант": "Суперҷет" бо айби халабонҳо оташ гирифтааст


Коршиносон мегӯянд, ҳавопаймои "Сухой Суперҷет" (SSJ-100), ки рӯзи 5 май дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав ба садама дучор шуд, бо иштибоҳи халабонҳо оташ гирифтааст.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як манбаи огоҳ аз рафти тафтишоти садама хабар додааст.

Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, халабонҳо ҳангоми фурудоӣ ҳаракати муҳаррикро дучанд карда, сари ҳавопайморо якбора поин намуданд. Тасмими идома додани фурудоӣ бо вуҷуди оғози лағжиш аз хати парвоз яке аз хатоҳои дигари халабонҳо гуфта шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, тафтишот бояд муайян кунад, ки аз ду халабон кадомашон иштибоҳ кардаанд.

Ҳамчунин тавре аз гуфтугӯи халабонҳо бо кормандони фурудгоҳ бармеояд, халабонҳо бонги ҳолати садамавӣ бидуни хатар ба ҷону саломатии мусофиронро задаанд ва бинобар ин, ҳавопайморо дар замин оташнишонҳо пешвоз нагирифтаанд.

Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" шаби 5 май ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт.

Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав - Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “FlightRadar” гузориш дод, ки ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.

XS
SM
MD
LG