Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон гуфт, киштии нафткаши Эрон ба Сурия расид


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, гуфт, киштии нафткаши Эрон, ки моҳи гузашта аз боздошт дар Гибралтар озод шуд ва ҳанӯз ҳам таҳти ҷустуҷӯи мақомоти амрикоист, ба бандари Тартус дар Сурия расидааст.

Болтон рӯзи 7-уми сентябр дар Твиттер тасвири моҳвораиро аз рӯзи 6-уми сентябр нашр кард. Дар он киштии "Адриан Дарё 1" дар зери осмони абрӣ ва дар соҳили Тартус нишон дода шудааст.

Ҷон Болтон навишт, "ҳар касе, ки гуфт "Адриан Дарё 1" ба тарафи Сурия намеравад, ҳамеша дурӯғ гуфтааст. Барои Теҳрон таъмини молии режими қотили Башор Асад муҳимтар аз таъмини мардуми худаш аст. Мо метавонем гуфтугӯ кунем, аммо то замоне ки Эрон дурӯғ гуфтан ва густариши терроризмро бас накунад, ҳеч яке аз таҳримҳояш бекор нахоҳад шуд."

Теҳрон моҳҳо пойфишорӣ карда буд, ин киштии нафткаш, ки қаблан "Грейс 1" ном дошт, ба ҳеч ваҷҳ ба сӯи Сурия намеравад.

Киштии нафткаши Эрон рӯзи 4-уми июли имсол аз сӯи нерӯҳои баҳрии Бритониё ба гумони интиқоли нафт ба Сурия боздошта шуда буд, вале онро рӯзи 19-уми август озод карданд.

Иёлоти Муттаҳида дар охири моҳи агусти имсол ба нафткаши эронии мавсум ба "Адриан Дарё 1" ва капитан ё нохудои ҳиндии он таҳрим бор кард. Вазорати хазонадории Амрико рӯзи 30-юми август гуфт, барои он ба нафткаш таҳрим бор шуд, ки аз он нерӯҳои қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон фоида мегиранд.

XS
SM
MD
LG