Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба таҳаввулоти фарҳангии Тоҷикистон дар соли 2019


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Соли тавсеаи табодулҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон, таҷлили 90-солагии кинову театри тоҷик, ошкор шудани 30 шеъри нави Садриддин Айнӣ, ба интернет роҳ ёфтани осори бархе адибон ва таҳаввулоти дигар, рӯйдодҳои фарҳангии солро ранг бахшиданд.

Бо ин, ки аз назари бархе рӯшанфикрон, намешавад гуфт, ки дар соли 2019 кадом таҳаввулоти муҳиме дар бахши фарҳангу ҳунар рӯй додааст, вале бархе аз ин рӯйдодҳо қобили ёдоварӣ аст.

Соли табодули ҳунарии Тоҷикистону Узбекистон

Бо барқарор шудани равобити сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистону Узбекистон, ҳамкорҳои миёни фарҳангиёни ду кишвар ва табодули ҳунарӣ тавсеа ёфт. Ноябри соли 2019 дар Тоҷикистон нахустин бор баъди солҳо таваққуф, рӯзҳои фарҳангии Узбекистон баргузор шуд ва ҳунармандони узбек дар саҳнаҳои театрии Душанбеву Данғара ҳунарнамоӣ карданд.

Баҳори ҳамин сол дар пойтахти Узбекистон ҷашнвораи "Рӯзҳои кинои тоҷик" баргузор шуд ва ҷониби Тоҷикистон тавонист филмҳои чанд соли охири коргардонҳои тоҷик, аз ҷумла "Сафари ҳавоӣ", "Хоби бӯзина", "Тангно" ва "Таксӣ"-ро ба намоиш дароранд.

Баъди солҳо боздошта шудани дарсҳо, соли ҷорӣ дар назди Донишгоҳҳои давлатии Бухоро ва Чирчиқ тадриси забони тоҷикӣ аз сар гирифта шуд. Театри операву балети Тоҷикистон нахустин бор дар 40 соли охир дар саҳнаи театри Узбекистон – дар шаҳри Самарқанд сафари ҳунарӣ барпо кард.

90 соли кинову театри тоҷик

Соли 2019 аҳли фарҳанги тоҷик 90-солагии таъсиси кинову театри миллиро таҷлил карданд. Ин ду бахши муҳими ҳунар, ки дар соли ташкили ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон аз худ дарак дода, замоне силоҳи муҳими идеологии ҳукумати шӯравӣ будаанд, баъди 28 соли касби истиқлолияти кишвар, чолишҳои худро доранд. Аксар мушкилот, ба қавли коршиносони соҳа, ҳамоно марбут ба камбуди моливу сармоягузории ин ду соҳаи муҳими фарҳанг аст.

Дар қиёс бо кино, театрҳои Тоҷикистон тавонистанд чанд намоишномаи нави саҳнавиро ба тамошобин пешкаш кунанд. Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши "Тарма"-ро аз рӯйи асари адиби турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу ба саҳна гузошт ва дар ҷашнвораи имсолаи "Парасту" намоишномаи "Фирдавсӣ"-и Султон Усмонов баранда шуд. Ихтилофҳои дарбориву мубориза барои қудрат ва зери по шудани ҳарфи ҳикмату андеша, ки Сотим Улуғзода дар баёни ҳаводиси қарни 10 овардааст, гӯё баёнгари таҳаввулоти замони имрӯз шуд.

Дар бахши синамо чанд намоишномае арзи ҳастӣ кард, ки онҳоро мешавад бештар ҳамчун тақвияти нақши филмҳои тиҷоратӣ ба забони тоҷикӣ ёд кард. Филми "Миллион то Соли нав" - нахустин филми мазҳакавии телевизиони "Азия", ки дар Хуҷанду Душанбе муаррифӣ ва ба зудӣ дар шабакаи "Ютюб" нашр шуд, продюсер Аъзамхон Акбаровро аз як муаллифи намоишномаҳои мазҳакавии телевизионӣ ба таҳиягари филмҳои замонавии тиҷоратӣ муаррифӣ кард.

Бархе ҳунарпешаҳо карйераи актёриро дар синамои хориҷӣ идома доданд. Аз ҷумла, ҳунарпешаи 25-сола Умед Шатаков соли 2019 дар сериали сеюми истеҳсоли Туркия нақш бозӣ кард ва ҳаводоронаш ҳам бо кори ӯ аз интернет ошно шуданд.

Осори адибони тоҷик дар интернет

Аслан нақши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар муаррифиву таблиғи осори ҳунарии адибони тоҷик дар солҳои охир, аз ҷумла дар соли 2019 хеле муҳим буд. Бархе адибони тоҷик, ки ба фарқ аз ҳамқаламони ҷавонтарашон ҳанӯз севу панҷ соли пеш танҳо ба нашри китоби худ умедвор буданд, ҳамакнун ба интернет ҳам роҳ меёбанд. Ҳамин тавр Мирзо Насриддин, Толиби Озарахш, Баҳманёр ва дигарҳо осори тозаи худро дар саҳифаҳои хусусии худ нашр карданд.

Ҳамқаламони дигари онҳо тавонистанд дар хориҷ аз Тоҷикистон соҳиби ҷоизаҳо адабӣ шаванд. Дар Афғонистон вазорати фарҳанг ба Озар Салим, муаллифи шеъри "Модар фаришта буд" ҷоизаи "Килки заррин"-ро тақдим кард ва дар озмуни китоби Лондон Гулсифат Шаҳидӣ барои "Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон", ҷоизаи беҳтарин муаллифро ба даст овард.

Моҳи май дар донишгоҳи Омӯзиши Осиё ва Африқои шаҳри Лондон китоби "Таърихи Тоҷикон – Эрониҳои Шарқӣ" ба қалами Ричард Фолтс, эроншиноси амрикоӣ муаррифӣ шуд. Ин яке аз талошҳои таҳқиқи фарогири таърихи тоҷикон аз ҷониби як донишмандиғарбӣ ба шумор меравад.

Ошкор шудани 30 шеъри то кунун ноошнои Айнӣ

Илми адабиётшиносии тоҷик соли 2019 хабари тозае дошт. Дар бойгонии сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ беш аз 30 шеъри то кунун ноошно ва нашрношудаи шоиру нависандаи тоҷик ошкор шуд.

Ин хабарро ба ҳаводорони адабиёти тоҷик Абдухолиқ Набавӣ, пажӯҳишгари осори Садриддин Айнӣ расонд. Бештари шеърҳои нашрношудаи Айнӣ дар масоили мазҳабӣ ва сиёсӣ баҳс мекунанд ва зоҳиран бо ҳамин далел ҳам аз чашми ҳукумати шӯравӣ пинҳон монд.

Соли 2019 барои ҳаводорони ҳунари тоҷик талафоте ҳам овард. Ҳунарпешаҳои маъруфи кинову театр Мушаррафа Қосимова, Марат Орипов, рассоми тоҷик Фаррух Хоҷаев, таърихшинос Абдусаттор Мухторов даргузаштанд, ки барои рушди фарҳангу ҳунар ва илми тоҷик заҳматҳо кашидаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видео доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG