Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллион қурбонии COVID дар ИМА. Байден: "Марҳилаи воқеан талху дилхарош"


Маросими гиромидошти хотири қурбониҳои коронавирус дар ИМА. 500 шамъ ба нишони эҳтиром ба ёди 500 ҳазор қурбонии COVID-19 дар Амрико дар Кохи Сафед фурӯзон шуд
Маросими гиромидошти хотири қурбониҳои коронавирус дар ИМА. 500 шамъ ба нишони эҳтиром ба ёди 500 ҳазор қурбонии COVID-19 дар Амрико дар Кохи Сафед фурӯзон шуд

Президенти ИМА Ҷо Байден ҳалокати беш аз ним миллион сокини ИМА бар асари COVID-19-ро “марҳилаи воқеан талху дилхарош” номид ва сокинони кишварро ба муттаҳидӣ дар муқобили пандемия даъват кард. Ӯ, ки 22 феврал тавассути телевизион сӯҳбат мекард, ба гиромидошти хотири тамоми қурбониҳои ин беморӣ даъват намуд. Байден батакрор гуфт, “инчунин илтимос мекунам, ки эҳтиётро аз даст надиҳед, фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доред, ниқоб бипӯшед ва ҳар вақте навбати шумо расид, воксина бигиред”.

Байден инчунин аз амрикоиҳо тақозо кард, ки қотеияти худро ба намоиш гузошта ихтилофҳои сиёсиву хабарҳои нодурустро, ки ҳатто боиси аз ҳам ҷудо шудани аъзои оилаҳо шудааст, хотима диҳанд. Баъди ин Байден бо ҳамсараш Ҷилл ва муовини президенти ИМА Камола Ҳаррис ва шавҳараш Даф Эмҳофф дар маросиме дар ҳавлии Кохи Сафед ба нишони эҳтиром ба ёди қурбониҳои коронавирус 500 шамъро афрӯхтанд. Ба иттилои пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, 22 феврал шумори умумии марг бар асари коронавирус дар ИМА 500,159-ро ташкил дод. Ин 20 дарсади талафоти кулли сайёраро ташкил медиҳад, ки аллакай ба 2,5 миллион нафар расидааст. Доктор Энтони Фаучи, сироятшиноси калони ҳукумати Амрико дар як мусоҳибааш 22 феврал гуфт, ба афзоиши талафоти ҷонӣ аз коронавирус ихтилофҳои сиёсӣ ҳам таъсиргузор шуд.

XS
SM
MD
LG