Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои 545 кас дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон


Елдос Килимҷанов
Елдос Килимҷанов

Додситони кулли Қазоқистон, Елдос Килимҷанов, 18-уми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар он кишвар 429 парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ фиристода шуда, дар умум 545 кас ҷазо гирифтанд.

Ба гуфтаи Килимҷанов, то имрӯз дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ 83 нафар, ки ба гуфтаи муфаттишон, ба "ҷиноятҳои вазнини марбут ба зӯроварӣ ба мансабдорони давлатӣ ва нобуд кардани амвол" даст задаанд, маҳкум ба зиндон шуданд.

Ба ҷуз ин, додситонҳои Қазоқистон дар ҳоли ҳозир 53 парвандаи ҷиноии марбут ба "бетартибиҳои оммавӣ" ва 32 парванда дар бораи "амали террористӣ"-ро тафтиш мекунанд.

Додситони кулли Қазоқистон афзуд, феълан 349 каси дигар бо гумони даст доштан дар нооромиҳои мазкур дар ҳабс қарор дорад ва беш аз ду ҳазор силоҳи дуздидашуда ҳанӯз ҳам дар дасти "ҷинояткорон" аст.

XS
SM
MD
LG