Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА: Узбекистон бояд ба Ривалдо ва Денилсон 9.5 млн евро пардозад


Қароргоҳи ФИФА дар Швейтсария
Қароргоҳи ФИФА дар Швейтсария

Кумитаи муҷозоти ФИФА қарор қабул кард, ки бошгоҳи футболи узбекистонии "Бунёдкор" аз бозигарони пешини ин бошгоҳ Ривалдо ва Денилсон 9,5 млн евро қарздор аст ва ин қарзро бояд пардозад.

Ба иттилои расонаи Tribuna.uz, дар қарори ФИФА, ки 22 феврал қабул шудааст, омадааст, "Бунёдкор" аз Ривалдо 8,1 млн евро ва аз Денилсон 1,1 млн евро қарздор аст.

Бошгоҳи "Бунёдкор" вазифадор шудааст, ки ин маблағ давоми 30 рӯз пардозад. Дар сурати сарпечӣ ФИФА метавонад, нисбати ин бошгоҳ таҳрим ҷорӣ кунад.

Ривалдо солҳои 2008-2010 дар ин бошгоҳ бозӣ мекард. Денилсон соли 2010 дар ҳайати "Бунёдкор" қаҳрамони Узбекистон шуда буд.

Баҳси молӣ байни "Бунёдкор" ва ду бозигари бразилёӣ аз соли 2010 идома дорад.

XS
SM
MD
LG