Бар асоси фармони раиси ҷумҳурӣ аз 28-уми феврал, Хусрав Бобозода аз мақоми фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард озод ва ба ҷойи ӯ Раҳмоналӣ Сафарализода таъйин шуд.
Шамсиддин Собирзодаро фармондеҳи нави қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати дифоъ гузоштаанд.
Ҳамчунин, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон,
- Ҷамшед Сафарзода – муовини вазири дифоъ дар мавриди омодагии ҷангӣ;
- Одил Носирзода – муовини вазири дифоъ дар масъалаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
- Музаффар Раҳимзода – муовини вазири дифоъ дар мавриди корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ;
- Бобоҷон Саидзода – муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ
таъйин шуданд.
Мақомот сабаби ин тағйиротро нагуфтанд, аммо аз аз моҳи январи имсол ба ин сӯ ҷойивазкунии кадрҳо дар идораҳои давлатӣ идома дорад.
То кунун раисони чанд шаҳру ноҳия иваз шуда, дар ҳукумати марказӣ, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқа баъзе дигаргунӣ сурат гирифт.
Ин “поксозӣ”-и кадрӣ боис ба бигӯмагуҳои доираҳои коршиносӣ шуд: он ба чӣ рабт дорад ва ҳадафи ниҳоии он чӣ метавонад бошад? Омодагӣ ба интиқоли қудрат, ки чанд сол боз давом дорад ё мубориза бо фасод?
Намояндагони мухолифон ин тағйиротро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ва содиқ ба ҳукумати ҳозира медонанд. Баъзе аз созмонҳои байнулмиалӣ непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсиро “аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон” донистаанд.