Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти як роҳбари мухолифини Узбекистон дар ИМА


Абдураҳим Пулодов.
Абдураҳим Пулодов.

Абдураҳим Пулодов, яке аз муассисони нахустин созмони мухолиф дар Узбекистон «Бирлик» дар 78-солагӣ дар ИМА вафот кард.

Пулодов аз соли 1998 дар ИМА зиндагӣ мекард ва яке аз мунтақидони сарсахти низоми президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов буд.

Ҳаракати «Бирлик» («Воҳид») соли 1988 таъсис шуд ва Пулодов яке аз муассисони он буд. Дар соли 1989 Пулодовро раиси ин ҳаракат интихоб карданд.

Соли 1992 ба ҷони Пулодов сӯиқасд сурат гирифт. Баъди он сӯиқасд дар ҳамон соли 1992 вай нахуст ба Озарбойҷон ва баъдан ба Туркия рафт. Соли 1998 вай дар ИМА паноҳандагӣ ёфт ва ба он кишвар кӯч баст. Баъди 25 соли зиндагӣ дар ИМА вафот кард.

XS
SM
MD
LG