Пайвандҳои дастрасӣ

Боронгарии шадид дар Халиҷи Форс. Фурудгоҳи Дубай чанд соат аз кор монд


Борони сахту сел рӯзи 16-уми апрел бахшҳое аз минтақаи ҷанубии Халиҷи Форсро фаро гирифт ва ба кори фурудгоҳи серравуои Дубай халал расонд.

Мақомот дар оғоз эълон кард, ки фаъолияти Фурудгоҳи Байнулмилалии Дубай бинобар ҳавои номусоид ба муддати 25 дақиқа қатъ мешавад. Ҳадди ақал 21 парвоз аз фурудгоҳи Дубай ва 24 парвоз ба Дубай давоми рӯз бекор шуда, се ҳавопаймо ночор дар фурудгоҳҳои дигар поин омадаанд.

Бо вуҷуди ин мушкил, фурудгоҳ дар хабарномаи худ эълон кард, ки фаъолияти худро дигарбора оғоз кардааст.

Мақомоти Умон гуфтанд, бар асари обхезӣ 18 нафар дар ин кишвар ҷон бохтаанд. Ба иттилои расмӣ, 9 мактабхон ҳамроҳи ронандаи онҳо аз ҷумлаи ҷонбохтагони сел дар ин кишвар ҳастанд.

Имдодрасонҳои Умон рӯзи сешанбе эълон карданд, ки дастикам 72 нафар, ки дар ҷараёни сел банд монда буданд, бо чархбол наҷот дода шуданд. Тибқи ин гузориш, нерӯҳои артиш барои кумак ба селзадагон дар баъзе аз минтақаҳо ҷобаҷо шудаанд.

Дар Эрон бар асари боронгариҳои охир чандин нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомот дар баъзе аз вилоятҳо вазъияти фавқулода эълон кардаанд.

Дар Покистон ҳам боронгариҳои охир ба кишоварзон хисороти зиёде расондааст. Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон эълон кард, ки беш аз 60 нафар дар боронгариҳои ахир дар ин кишвар ба ҳалокат расиданд.

Дар Тоҷикистон ҳам дар натиҷаи боридани борону омадани сел даҳҳо нафар дар баъзе минтақаҳои кишвар зиён диданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG