Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси ахлоқ дар Эрон як духтарро барои ҳиҷоб дастгир кардааст


Акси Ойдо Шокарамӣ бо хоҳараш Нико Шокарамӣ
Акси Ойдо Шокарамӣ бо хоҳараш Нико Шокарамӣ

Пулиси ахлоқ дар Эрон Ойдо Шокарамӣ, хоҳари Нико Шокарамӣ, як қурбонии тазоҳуроти "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ"-ро дастгир кардааст.

Ӯро ба поймол кардани қонуни ҳатмии ҳиҷоб дар Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳам медонанд.

Падараш дар Инстаграм навишт, ки Ойдо Шокарамӣ донишҷӯ аст ва рӯзи 17-уми апрел дар пойтахти Эрон боздошт шуд. Модараш Насрин Шокарамӣ мегӯяд, ӯро ба зиндони занона бурдаанд.

Нико Шокарамӣ дар ҷараёни тазоҳуроти саросарӣ, ки дар пайи марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри соли 2022 сар зад, аз тарафи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд.

Маҳсо Аминии 22-сола, ки аз сӯйи пулиси ахлоқ ва ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоб дастгир шуда буд, дар шароити мармуз ҷон дод.

Гузориш дар бораи боздошти Ойдо Шокарамӣ дар пасманзари мавҷи нави саркӯби занон барои риоя накардани ҳиҷоб дар Эрон нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG