Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ наврас дар як рӯз ғарқ шудаанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар дарёҳои кишвар панҷ кӯдак ва наврас ғарқ шудаанд.

Ин ниҳод шоми 22-юми апрел дар хабарномае навишт, ду ҳолати ғарқшавии кӯдакон дар вилояти Хатлон, як ҳолат дар Рашт ва ду ҳолати дигар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода рух додааст.

Мақомот гуфтанд, фавтидагон 2, 6 ва 17 будаанд ва ҷасади аксари онҳо пайдо шудааст. Танҳо кофтукоби ҷасади кӯдаки 2-сола дар ноҳияи Шаҳритус идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хунукназарии волидайнаро сабабгори рух додани ин ҳодисаҳои нохуш гуфтааст.

XS
SM
MD
LG