Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ барои "Роғун" пул хост


Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ. 18 апрел, Вашингтон
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ. 18 апрел, Вашингтон

Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ расман дархост кардааст, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” маблағгузорӣ кунад. Ин нукта зимни вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон садо додааст.

Аз номи Тоҷикистон муовини аввали нахуствазир, ёвари президент дар умури иқтисод ва вазири молия бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон навишт, “новобаста аз вазъи мураккаб ва ҳассоси геосиёсӣ” сармоягузорӣ ба неругоҳи “Роғун” барои Тоҷикистон “масъалаи муҳим ва асосӣ” мебошад.

Ҳайати Тоҷикистон ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, Душанбе талоши худро барои ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” идома медиҳад.

Аммо маълум нест, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба дархости Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ба сохтмони “Роғун” чӣ посух додаанд.

Моҳи январи имсол Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ хабар дод, ки барои дастгирии фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад.

То ин вақт ду чарха ё агрегати неругоҳи “Роғун” ба кор даромада, вале Тоҷикистон барои идомаи сохтмони он ба сармояи бузург эҳтиёҷ дорад. Соли 2017 ҳукумат барои сохтмони “Роғун” 500 миллион доллар евробондро фурӯхт, ки баъдан коршиносон фоизи онро баланд гуфтанд.

XS
SM
MD
LG