Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуноҳи раиси Бонки ҷаҳонӣ: Шерше ля фам


Гурӯҳи вижаи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба таҳқиқи қазияи раиси ин ниҳоди байналмилалии молӣ Пол Волфовитс машғул буд, дар гузоришаш гуфтааст, ки Волфовитс бо боло бурдани маоши дӯстдухтараш муқаррароти бонкро нақз кардааст.

Пол Волфовитс, ки барои баррасии масъала ба ҳузури Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ даъват шуда буд, ваъда супурдааст, ки ба хотири дубора ба даст овардани эътимоди кормандони Бонки ҷаҳонӣ усули раҳбарии худро иваз хоҳад кард. Оқои Волфовитс аз Шӯрои мудирон хостааст, зимни баррасии масъалаи барканор кардан ва ё истеъфои ӯ аз мақоми раиси Бонки ҷаҳонӣ аз инсоф кор бигиранд.

Ҷанҷол бар сари курсии раёсати Бонки ҷаҳонӣ моҳи гузашта вақте бархост, ки маоши хеле хуб гирифтани дӯсти қадимаи Волфовитс Шаҳо Ризо, ки низ дар Бонки ҷаҳонӣ ба ҳайси коршиноси Ховари Миёна фаъолият дошт, ошкор шуд. Пол Волфовитс моҳе пеш дар посух ба ин суол, ки чаро маоши солонаи Шаҳо Ризо дар авоили соли 2005 баъди ба симати раиси бонки нишастани ӯ аз 130 000 ба 180 000 доллар баланд шудааст, чунин гуфта буд:

"Ман иштибоҳ кардам ва барои он узр мехоҳам. Аммо иҷозат диҳед баъзе чизҳоро бифаҳмонам. Ин нафақат як масъалаи ҳассоси хусусӣ буд, балки ман дар ин идора одами ҷадид будам ва талош доштам дар обҳои ноошно шино кунам."

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи ин ҳафта (14 май) 37 мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳо ба Шӯрои мудирон ва ба худи Пол Волфовитс нома навишта, изҳор доштаанд, ки раҳбарии ӯ эътибори бонк ва мубориза алайҳи фақрро коҳиш медиҳад. Ҳар сари чанд вақт дар рӯбарӯи қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон низ раҳпаймоиҳо бо талаби истеъфои Пол Волфовитс сурат мегиранд.

Аммо Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ, ки 24 намоянда аз кишварҳои саҳҳоми умдаи ин ниҳоди молиро дар бар мегирад, дар масъалаи таъйини сарнавишти Пол Волфовитс дудаста шудааст. Дар ҳоле ки кишварҳои аврупоӣ истеъфои Волфовитсро дар пайи ҷанҷоли рӯзада лозим мешуморанд, муовини собиқи вазири дифоъи Амрико пуштибонии маъмурияти президент Ҷорҷ Бушро ҳанӯз аз даст надодааст.
XS
SM
MD
LG