Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин амалиёти маргбори Исроил дар Ғаза


Дар як амалиёти низомиёни Исроил дар борикаи Ғаза 19 нафар, асосан мусаллаҳони ҷунбиши ҲАМОС, ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки ин маргбортарин ҳодиса баъди зери назорати ҲАМОС қарор гирифтани борикаи Ғаза дар тобистони соли гузашта аст. Мақомоти низомии Исроил гуфтанд, ки ҳадаф аз амалиёт ҷилавгирӣ аз партоби мушакҳо аз борикаи Ғаза ба қаламрави Исроил буд.

Хабар дода мешавад, ки дар ин ҳодиса писари яке аз раҳбарони аршади ҲАМОС Маҳмуд Заҳар низ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG