Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адахон Мадумаров аз раҳбарии ҷиноҳи "Бутун Қирғизистон" рафт


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Исҳоқ Масалиев ба ҷойи Адахон Мадумаров раҳбари ҷиноҳи мухолифи "Бутун Қирғизистон"-и порлумони Қирғизистон интихоб шудааст. Дар ин бора узви ҷиноҳ Гуля Кожокулова 8-уми май дар ҷаласаи порлумонӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби нав шудани раиси ҷиноҳ боз шудани парванда алайҳи Адахон Мадумаров аст ва ҳоло раҳбари пешини ҷиноҳ бо баҳсҳои додгоҳӣ машғул мебошад.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек шикояти Мадумаровро аз болои қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳр, ки мандати вакилии ӯро бекор карда буд, рад кард.

Мадумаров 29-уми апрел аз додгоҳ хоста буд, ки қарори Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон дар бораи бекор кардани мандати вакилии ӯ ғайриқонунӣ дониста шавад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми май ахиран вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор ӯро озод кард. Парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG