Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амволи Матраимов ва Колбоевро дар Қирғизистон ба фурӯш гузоштанд


Райимбек Матраимов ва Қамчӣ Колбоев
Райимбек Матраимов ва Қамчӣ Колбоев

Мақомоти Қирғизистон амволи мусодирашудаи муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов ва намояндаи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоевро ба фурӯш гузоштанд.

Ба иттилои Оҷонси идораи амволи давлатии Қирғизистон, иншооте, ки дар натиҷаи амалиёти Кумитаи амнияти миллии ин кишвар аз Матраимов ва Колбоев мусодира шудаанд, фурӯхта хоҳанд шуд.

Аз ҷумла, бурҷҳои дугоник ба масоҳати 773,8 метри мураббаъ дар шаҳри Бишкек, корхонаи "Кристалл Таш- Комур" дар шаҳри Тошкомур ба масоҳати 525,3 гектар, саҳмияҳои истироҳатгоҳи "Ак-Марал" дар шаҳри Чолпон-Ота ва маркази тиҷории "Ай-Пери" ба масоҳати 5 ҳазору 878,3 метри мураббаъ дар пойтахти Қирғизистон ба фурӯш гузошта шудаанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қаблан гуфта буд, ки арзиши умумии амволи мусодирашудаи Матраимов 34 миллиону 810 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек дар моҳи марти имсол ба иттиҳоми "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" дастури ҳабси Райимбек Матраимовро содир кард.

Соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG